«Рушди сайёҳӣ-омили пешрафти ҷомеа»

536Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаъраифату меҳмонавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳо оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳӣ мебошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурир Тоҷикистон Пешвои милат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.)
Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сайёҳӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Тоҷикистон дар ин миён ба дастовардҳои беандоза зиёди мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ набояд дар канор монад. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ, табиӣ ва таърихӣ, азхудкунии ҳарчи бештаори онҳо ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, тарбияи баланди соҳавӣ метавонад сайёҳиро ба яке аз манбаҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад.
Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣ, ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, ва маҷмааҳои меъморӣ таърихӣ, мавзеҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи кӯҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Ҷумҳури Тоҷикистон дар қиёс бо баъзе мамлакатҳои дигари ҷаҳон манзараҳои аҷибе дорад, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Тоҷикистон дар қатори кишварҳоие ҷойдорад ки метавонад аз намуди туризми кӯҳсор даромади зиёд ба даст орад, зеро 93 фисади ин сарзаминро кӯҳсор ташкил кардаасту табиати такрорнашаванда дорад.
Марказҳои куротии Тоҷикистон хусусиятҳои табобатӣ ва шифобахшӣ дошта. Барои илоҷи бемориҳо тавсия дода мешавад.
Табиати биҳиштосои ватанамон аз назари сайёҳон пинҳон намондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон, сайёҳиро яке аз соҳаҳои афзалятноки ҷумҳурӣ ном мебарад. Ин беҳуда нест. Зеро дар қаламрави Тоҷикистон 900 геокомплекси табиӣ бо 40 намуди ландшафт мавҷуд аст.
Мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва иқлими муъҷизаосои табиати кишварамон ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд намуди бахшҳои туризмро инкишоф диҳем. Инчунин дар кишвари кӯҳсори мо имкони васеи рушди кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ-варзишӣ ва экологӣ, варзишӣ-лижаронӣ, шикор (интерохота), саёҳати таърихӣ-маърифатӣ ва мардумшиносиву истироҳат дар осоишгоҳҳои табобатӣ фароҳам аст. Ҳоло ки рақобат дар бозори ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ пурзӯр гаштааст, муаррифии кишвар баҳри ҷалби сайёҳони хориҷӣ хеле зарур аст. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин масъалаи муҳим зиёд гаштааст.
Рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фаровон дорад ва мо боварӣ дорем, ки ин соҳа дар оянда ба яке аз соҳаҳои афзалятноки хоҷагӣ табдил хоҳад ёфт.

Омӯзгори Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Ибрагимов Бахтиёр

Мо дар Telegram