Роспотребнадзор кай ба Тоҷикистон меояд?

Барои омӯзиши вазъи коронавирус дар Тоҷикистон, гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор ташриф меоранд. Ин иқдом дар рафти ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия дар ҳамкориҳои иқтисодии 8-9 феврали соли 2021 баргузор гардида ба роҳ монда шуд.
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон омодагиҳо барои пешвозгирии ин гурӯҳи коршиносон чораҳои зарурӣ андешида шудааст ва сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов дар вохӯрӣ бо вазири Тандурустӣ гуфтааст, ки Роспотребнадзор рӯзҳои наздик ташриф меоранд ва ба таҳлили вазъи эпидемиологӣ шуруъ мекунанд.
Натиҷаи таҳлилҳои гузаронида шуда дар шакли гузориш ба ҳукумати Россия пешниҳод мешавад ва барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон таъсир хоҳад расонд. 
Хотиррасон мекунем, ки МИёни Тоҷикистону Россия танҳои парвозҳои чартерӣ фаъолият мекунанд ва парвозҳои мунтазам ҳануз роҳи ҳалли худро наёфтаанд.
Мо дар Telegram