Роспотребнадзор ба Тоҷикистон омад

Мутахассисони Институти таҳқиқотии зидди вабои Русия «Микроб» -и Роспотребнадзор барои ташхиси вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд, хабар дод сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз се нафар иборат буда, як муддат бо кормандони вазорати тандурустӣ ҳамкориҳои зич ба роҳ мемонанд ва вазъи санитарӣ, сироятшавӣ ва риояи муқарраротҳоро санҷиш мекунанд.
Натиҷаи татқиқоти муштарак ба ҳукумати Русия ва Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия пешниҳод карда мешавад. 
Хотиррасон мекунем, ки ташрифи мутахассисони Русия дар натиҷаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки санаи 8-9 феврал зери роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гузашт қарор қабул карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаи гузориш ба барқарор намудани парвозҳои мунтазам метавонад мусоидат намояд.
Мо дар Telegram