Ронандаро барои дар пиёдагард наистоданаш латукӯб карданд. Видео

Ронандаро барои дар пиёдагард наистоданаш латукӯб карданд. Видео

Духтараке, ки дар ҳамин лаҳза дар назди ронанда нишаста буд дида мешавад, ки кӯшиш дорад ронандаро муҳофизат кунад, ва такрор ба такрор мегӯяд: Ака ма ба гап гирифтмш, мебахши.

Худи ронанда бошад аз тарс танҳо ба лаб об гирифтаву мушту лағатро ба сару баданаш қабул мекунад.

Ин ҳодиса дар шаҳри Душанбе дар назди мағозаи Пайкар рӯх додааст. Мошини тамғаи Опел Зафира дар пиёдагард мошинашро манъ накарда мегузарад. Инро як ҷавони пиёдагард дида, рафта мошинро манъ мекунад ва ронандаро латукӯб карда калиди мошинашро гирифта меравад.

Дар натиҷа кӯдаки дар дохили мошин буда тарсида гиря мекунад, мошин бошад дар байни роҳ мемонад ва ба дигар мошинҳо халал расонида тамбашавии роҳро ба вуҷуд меорад.

Ронандаро барои дар пиёдагард наистоданаш латукӯб карданд. Видео
Мо дар Telegram