Роҳандозии корҳои таблиғотии коҳиши хатари офатҳо дар Конибодом

Роҳандозии корҳои таблиғотии коҳиши хатари офатҳо дар Конибодом

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатарии офатҳои табиӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва пешгирикунанда   идома доранд. Чунин чорабиниҳои мухталиф аз тарафи кормандони бахши Раёсати вилоят дар шаҳри Конибодом бо ҷалби аҳолии ҷамоатҳо ба роҳ монда шуданд.

Чунончӣ, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом капитан Умед Миров дар ҷамоатҳои деҳоти Ғафурҷон Ортиқов, Раҷаб Ҳамробоев, Эргаш Шарипов бо ҷалби раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллаҳо ва фаъолон мулоқотҳо баргузор кард. Дар рафти вохӯрӣ ба самъи иштирокдорон расонида шуд, ки барои пешгирӣ  намудани офатҳои табиӣ дар давраи зимистонгузарониву баҳори соли 2021, пешгирӣ аз омадани сел, шамолҳои сахт, риояи қоидаҳо бехатарӣ аз сўхтор, яхобмонии дарахтон, шинонидани дарахтон дар шафати селроҳаҳо ва маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф тавсияҳо дода шуд. Сардори бахши ноҳиявӣ ҳамчунин ба раисони маҳаллаҳо расонид, ки дар мавсими тағйири боду ҳаво ва остонаи баҳор, ки маъмулан сербориш меояд, Ситоди доимоамалкунандаи ҷамоти деҳот бояд фаъол бошад, барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда бо аҳолии маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳо вохўриҳо гузаронида шавад ва марҳила ба марҳила дар селроҳа ва каналҳо ҳашарҳо ташкил карда шуда, корҳои соҳилбандӣ пурзӯр карда шаванд.

Роҳандозии корҳои таблиғотии коҳиши хатари офатҳо дар КонибодомИнчунин капитан Умед Миров дар мавзӯъи “Амали аҳолӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда” суҳбат кар, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар байни сокинон, дар муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои баланд бардоштани тафаккури сокинон дар самти омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ монда шуда, дар вохӯриҳо дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодабарии таҷҳизотҳои газию барқӣ нақл кунанд.

Зикр гардид, ки пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аз бартарафсозии паёмадҳои он, аз ин лиҳоз мо бояд якҷоя амал намуда, чорабиниҳои пешгирикунанда ҳашарҳои дастаҷамъона ба монанди тоза намудани селроҳаҳо, каналу ҷўйборҳо аз партову сангу шағал фаъолона ширкат варзем.

 

 Ш.Бутаева, Раёсати Суғд.

Мо дар Telegram