Равзанаи ягонаи маълумотҳо барои муҳоҷирон дар Россия

Саҳифаи “Госуслуги” дар Россия, ки ба шаҳрвандон ҳамаи хизматрасониҳо дастрас мебошад, Вазорати Корҳои Дохилӣ низ чунин саҳифаро барои муҳоҷирон бунёд намуданист, хабар дод ТАСС бо истинод ба ВКД ФР.

Гуфта мешавад, ки дар ин саҳифа ҳамаи маълумотҳои зарурии муҳоҷирон ба феҳрист ворид карда мешавад ва дигар хизматрасониҳо низ ба онҳо дастрас мешавад.
Акнун, муҳоҷирон тавассути ин хизматрасонӣ маълумотҳои бештарро оиди беҳтар намудани вазъи ҳуқуқии худ, тамдид намудани ҳуҷҷатҳо ва саривақт гирифтани паёмакҳо оиди муҳлати ҳуҷҷатҳо метавонанд гиранд.

Барнома дар ояндаи наздик, метавонад бастани шартномаҳо, гузаштани омӯзиш, пардохти андозҳо ва мубодилаи маълумотҳоро байни идораҳоро ба роҳ монад. 

Аммо, лоиҳаи қонун ҳануз ба Думаи давлатӣ пешниҳод нашудааст ва алҳол ҳамчун нақшаи чорабиниҳои ВКД барои солҳои 2020-2022 шомиласт.

Равзанаи ягонаи маълумотҳо барои муҳоҷирон дар Россия

Санаи аввалин парвоз ба самти Москва-Душанбе-Москва маълум гашт

Мо дар Telegram