«Равшан» ва «Хатлон» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 баромаданд

Дар вилояти Хатлон марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 ҷамъбаст шуд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Мувофиқи Низомномаи Ҷоми Федератсия-2021 аз минтақаи Душанбе чор даста ва аз вилоятҳои Суғду Хатлон ду дастагӣ дар он ширкат хоҳанд кард.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи пешакӣ. Вилояти Хатлон

Минтақаи Бохтар

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 5 4 1 0 16-4 13
2 «Бохтар-3333» (Бохтар) 5 4 0 1 23-2 12
3 «Моҳир» (Ёвон) 5 3 0 2 11-8 9
4 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 5 2 0 3 12-9 6
5 «Чашма» (Шаҳритӯс) 5 1 1 3 11-21 4
6 «Пахтакор» (Қабодиён) 5 0 0 5 2-31 0

 

Минтақаи Кӯлоб

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 5 5 0 0 18-4 15
2 «Ҳосилот» (Фархор) 5 3 0 2 7-4 9
3 «Шоҳин» (Мӯминобод) 5 2 1 2 12-11 7
4 «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) 5 2 1 2 8-10 7
5 «Ҳулбук» (Восеъ) 5 2 0 3 13-7 6
6 «Файзканд» (Восеъ) 5 0 0 5 1-23 0

 

Мо дар Telegram