Раванди имтиҳонҳои номзадӣ дар шуъбаи адъюнктура

1728

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омода намудани кадрҳои илмӣ — педагогӣ тавассути шуъбаи адъюнктура мебошад, ки ба он сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ таваҷҷуҳи хос медиҳад.
Ба шуъбаи адъюнктура н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М., ки мутахассиси самти ФОҶ мебошад роҳбарӣ менамояд. Санаи 07.04.2021 ва 09.04.2021 тибқи фармоиши сардори Академия раванди супоридани имтиҳонҳои номзадӣ аз фанни таърих ва фалсафаи илм ва забони хориҷӣ (англисӣ) бо ширкати фаъоли унвонҷӯёни шуъбаи адъюнктураи Академия дар ҳузури комиссияи салоҳиятнок баргузор гардид.
Унвонҷӯён: Раҳимзода Ф.Р., Вализода С.А., Маҳмадализода А.М., Каримзода Т.К., Сафаров А.К., Одиназода Н.С., Нарзуллозода С.С., Сунатуллозода У.С., Раҷабов А.З. ва Аҳёзода Ш.Т бо баҳои хубу аъло имтиҳонҳои номзадиро бомуваффақият супориданд.
Дар рафти имтиҳонҳои номзадӣ муқаррароти Низомномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ риоя гардида, ба рафти он муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент Саидзода З.А. назорат бурд. Ҳуҷчатҳои лозимии меъёрӣ сари вақт аз ҷониби муаллим-методисти калони шуъбаи адъюнктура майори милитсия Дадаева Д.А. омода гардиданд.

17291730

Боиси тазаккур аст, ки бо саъю кӯшиши роҳбарияти Академия ва сардори шуъбаи адъюнктура шумораи унвонҷӯён ба Академия сол ба сол афзуда истодааст, ки ин аз рағбати кормандони МКД ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дарак медиҳад.

Асламов Б.С., Ҳоҷивалиева Т.А.

Мо дар Telegram