Раванди имтиҳонҳои ихтисос дар шуъбаи адъюнктура

1668

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар Академияи ВКД тамоми шароитҳо, синфхонаҳои замонавӣ, китобхонаи умумӣ ва махсуси соҳавӣ муҳайё гардидааст. Ба шуъбаи адъюнктура номзади илми ҳуқуқ, полковники милитсияи Самиев Н.М., ки худ дастпарвари Академия аст бо маҳорати баланди педагогӣ роҳбарӣ менамояд.
Санаи 30-юми марти соли ҷорӣ дар асоси Низомномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ аз ҷониби унвонҷӯёни Академия шуъбаи адъюнктура Муродзода Ф. ва Қобилов Б. дар назди комиссияи босалоҳият имтиҳонҳо аз рӯи ихтисосҳои 12.00.08,12.00.09. супорида шуданд.
Дар рафти имтиҳон муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А., сардори шуъбаи адъюнктура номзади илми ҳуқуқ, полковники милитсияи Самиев Н.М., сардори шуъбаи таълим, н,и.ҳ.,полковники милитсия Насуриён П.А.,сардори факултети №1 н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р.,котиби Шӯрои олимон н.и.ҳ., полковники милитсия Абдурашидзода, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ,криминология ва психология, н.и.ҳ., подполковники Ҳусейнзода С.,сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Арипов А., муовини сардори шуъбаи адъюнктура подполковники милитсия Ҳоҷивалиева Т. ширкат намуданд.

16691670

Тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби муаллими-методисти калони шуъбаи адъюнктура майори милитсия Дадаева Д. омода гардиданд.Имтиҳони ихтисос дар сатҳи омодагӣ ва иҷрои талаботҳои педагогӣ гузаронида шуда,унвонҷӯён дониши кофии ҳуқукӣ нишон доданд.

Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.

 

Мо дар Telegram