Рақсу навои тоҷик дар Фестивали мероси Шориқа

image0

Рӯзи 27 марти соли 2021 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода барои иштирок дар фестивали хурди мероси Шориқа, ба филиали Пажӯҳишгоҳи мероси Шориқа дар шаҳри Хорфаккани АМА даъват шуд. Дар фестивал директори Пажӯҳишгоҳи мероси Шориқа доктор Абдулазиз ал-Мусаллам, мири шаҳри Хорфаккан Фавзия Рашид ал-Қаъдӣ ва бародари Шайхи Амороти Шориқа ширкат варзиданд. Дар рафти вохӯрӣ меҳмонони олиқадр аз намоишгоҳ ва мероси таърихии шаҳрак дидан намуда ҳамзамон, аз табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ибрози ақида карданд. Меҳмони фахрии фестивал, ҳайати фарҳангии кишвари Монтенегро (давлати хурди славянӣ, ҷойгир дар қисмати ҷанубу-шарқии Аврупо) фестивалро бо рақси миллии худ ифтитоҳ доданд.

image7

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ҳайати фарҳангии Тоҷикистон барои ширкат дар фестивали байналмилалии мероси Шориқаи Амороти Муттаҳидаи Араб даъват гардид.

Шоми 29 марти ҳайати эҷодии Тоҷикистон бо рақсу навои дилангези хеш, иштирокчиён ва меҳмонони фестивалро дар шаҳри Шориқаи АМА мафтун намуданд. Дар фестивал намоянадагони олиқадр зиёда аз 20 кишвари дунё ширкат варзида ҳайатҳои эҷодиашон фарҳанги худро муаррифӣ менамоянд. Вазири фарҳанг низ дар чорабинии мазкур ширкат варзид.

Тамошобинони фестивал ба баромади ҳайати фарҳангии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

image2image1image3image4image6











image9image8image10image8image10

Мо дар Telegram