“Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард

Мардуми тоҷик рақсро хоси занон медонанд, аз ин рӯ мардоне ки бо рақси касбии тоҷикӣ машғул бошанд, ангуштшуморанд. Вале қаҳрамони навбатии Yоur.tj Фарҳод Ҷомаҳмадзода ба зиддияти баъзе аз аъзоёни оилааш нигоҳ накарда, роҳи ҳунари раққосиро пеш мегирад. Ӯ ба мо дар бораи мушкиливу муваффақиятҳояш дар ин ҷода қисса кард.

“Ба дунёи ҳунар омаданам ногаҳонӣ буд”

Фарҳод Ҷомаҳмадзода 27 сол дорад ӯ дар деҳаи Яфроки шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Дар оилаи нафари санъаткор набуд ва ба ин ҷода рағбате касе ҳам рағбате надошт, падараш устои барқу модараш табиб шуда кор мекарданд. Ба дунёи ҳунар омадани ӯ низ тамоман ногаҳонӣ буд. Зеро вай дар хурдсолиаш дар дил орзуи лётчик шуданро мепарварид. Вале модараш мехост, ки Фарҳод санъаткор шавад.

“Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард

“Ман тамоман намехостам санъаткор шавам, вале модарам маро пас аз хатми синфи 9 ба Колеҷи мусиқии ноҳияи Рӯдакӣ дохил карданд. Вале як сол он ҷо таҳсил кардаму баъдан ба Душанбе рафтам. Рӯзе аз назди Филармония мегузаштам, ҳисси кунҷкобиам боло гирифту ба дохили бино даромада ансамбли рақсиеро ҳангоми тамрин дарёфтам. Ба назди роҳбари даста рафта гуфтам, ки мехоҳам раққоса шавам. Он кас хандиданду гуфтанд, раққоса не раққос, мард раққос мешавад”, – бо завқ ба ёд меорад Фарҳод.

Норозигии пайвандон

Фарҳод ба Душанбе рафта, як муддат дар ҳайати ансамбли “Чаманоро”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба зиддияти падару бародараш нигоҳ накарда, тамрин мекунад. Баъдан бо ансамбли рақсии “Лола” ошноӣ пайдо намуда, бо даъвати эшон ба ансамбли “Лола” мегузарад. Ҳаминтавр ногаҳонӣ ба дунёи рақс ворид шудааст.

“Дар аввал падару бародарам зидди пешаи интихобкардаам баромаданд. Сипас онҳо ба ҳунари ман боварӣ ҳосил карда, ҳоло бошад дар ҳама кор дастгириам мекунанд”, – мегӯяд ӯ.

“Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард

Қаҳрамони мо ҳам дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова таҳсил ва ҳам дар ансамбли “Лола” машқи рақс мекард, то орзуи деринаи модарашро бароварда созад. Он замон ансамбли “Лола” ягона ансамбле буд, ки ҷавонписаронро низ ба рақс фаро мегирифт ва Фарҳод ҳамроҳи чанд тани дигар ҷавонписарон гурӯҳеро ташкил карда, рақси мардонаро меомӯхтанд.

Роҳ ба сӯи Русия

Вақте ки Фарҳод Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собироваро хатм намуд, роҳбарияти Коллеҷ тасмим гирифтанд, ки як нафар ҳамсабақи ӯро барои идомаи таҳсил ба Русия фиристанд. Фарҳод низ зиёд мехост, ки бо ҳамсабақаш ҳамроҳ шаваду таҳсилашро дар хориҷ аз кишвар идома диҳад, аммо роҳбарияти Коллеҷ ба ӯ иҷозат намедоданд.

“Ман ҳам ба Русия рафта, таҳсил кардан мехостам, аммо директор гуфтанд, ки “Он ҷо мушкилтар аст, ту тоб оварда наметавонӣ”. Зиёд мехостам, ки биравам, лекин директори Коллеҷ бо ҳар баҳона садди роҳам мешуданд. Баъдан, пинҳонӣ ба Вазорати фарҳанг рафтам ва ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро тахт карда, квотаро ба даст овардам”,- аз корнамоиҳояш бо ифтихор нақл мекунад Фарҳод.

“Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард

Ҳамин тавр, Фарҳод ва ду ҳамсабақи дигараш ба шаҳри Маскав рафта, таҳсилашонро тариқи квота дар факултаи хореографияи Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав идома медиҳанд.

“Таҳсил дар Русия бароям бисёр душвор буд, устодон бисёр сахтгир, чизе ки мо омӯхта будем қатрае аз баҳр буд. Дар Тоҷикистон мо рақси классикӣ намехондем, ки он асоси ҳамаи рақсҳо ҳаст. Ман вақти имтиҳонот гирён мешудам, вале ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда, бо сари баланд ин донишгоҳро хатм кардам”, — мегӯяд боифтихор Фарҳод.

Соли 2013 Фарҳод дар бахши дуюми донишгоҳ мехонд, ки тоҷикони вилояти Маскав бахшида ба ҷашни Наврӯз барномаи консертӣ баргузор мекунанд.

“Ман ҳам ба тамошои консерт рафтам ва гурӯҳи духтаронеро дидам, ки рақс мекарданд. Дар аввал фикр кардам, ки раққосаҳои касбианд, аммо вақте аз наздик ҳамроҳашон суҳбат кардам, маълум шуд, ки худомӯз будаанд. Вақте ба онҳо нақл кардам, ки дар гузашта тамрини рақс мекардаму ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи фарҳанг ва санъат ҳастам, пешниҳод карданд, ки ҳамроҳашон кор кунам”,- мегӯяд Фарҳод.

Рақси миллии тоҷикӣ дар Олмон

Пас аз як сол, яъне соли 2014 Фарҳод бо ҳамроҳии духтарони шиносаш ансамбли рақсии худро ташкил намуда, ба он “Гулчин” ном мегузорад. Вақте “Гулчин” таъсис ёфт, кори кулли тоҷикони муқимии Русия ва ҳунармандоне, ки барои ҳунарнамоӣ мераванд, осон шуд. Дигар онҳо раққоса ҷустуҷӯ намекарданд, чун “Гулчин” ободкунандаи тамоми чорабиниву маъракаҳо ва шабнишиниҳову барномаҳои консертӣ буд.

Ансамбли рақсии “Гулчин” бо роҳбарии Фарҳод ба шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург, Калининград, Оренбург, Орск, Қазон ва дигар шаҳрҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъату фарҳанг ва рақси тоҷикиро муаррифӣ кардаанд.

“Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард

Соли 2016 Парвин Юсуфӣ, овозхони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Берлини Олмон консерти яккаи худро ташкил карда, нахуст ба Маскав сафар мекунад. Аз он ҷо ансамбли “Гулчин”-ро ҳамроҳаш гирифта, баъдан ба Олмон мераванд.

“Барномаи консертиамон дар Олмон ба дараҷаи аъло гузашт гӯям ҳам, хато намекунам. Русҳо, афғонҳову эрониҳо, ҳамватанони худамон ва ҳатто олмониҳо ба тамошои консерт омада буданд. Хеле самимӣ пешвоз гирифтанд, ки он лаҳзаҳо ҳеҷ аз хотири ман намераванд”,-ба ёд меорад Фарҳод.

“Гулчин” ташкилкунандаи барномаҳои консертӣ

Ҳамон соли 2016 духтароне, ки дар ҳайати ансамбли “Гулчин” рақс мекарданд, донишгоҳро хатм карда, тарки ансамбл мекунанд. Баъдан, Фарҳод духтарҳои навро ба “Гулчин” ҷалб мекунад, то ба кори худ идома дода тавонад.

“Вақте духтарҳои навро ба ансамбл ҷалб кардаму кори онро дубора ба роҳ мондам, ба ташкили барномаҳои консертӣ шурӯъ кардам, чун дар ин чанд сол таҷрибаи кофӣ пайдо карда будам.

То имрӯз консертҳои Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Зулайхо Маҳмадшоева, Ҷонибек Муродов, Ҳабиба Давлатова, Файзалӣ Фозилов, Рустами Нур, Меҳрубони Равшан ва дигар санъаткоронро ташкилу баргузор намудаам. Таъриф намекунам, аммо қариб ягон чорабинии фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия бе иштироки мо намегузарад”,-қисса мекунад Фарҳод.

“Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард

“Духтарҳои русро рақси тоҷикӣ меомӯзам”

Фарҳод ғайр аз он ки таҳсил мекарду бо кори ансамблаш андармон буд, боз дар озмунҳои зиёд иштирок мекард. Яке аз чунин озмунҳо Ҷашнвора-озмуни байналмилалии “Истеъдодҳои ҷаҳонӣ” (“Мировые таланты”) мебошад, ки қаҳрамони мо соли 2015 дар он ширкат варзида, зинаи аввал ва шоҳҷоизаи озмунро ба даст овардааст.

“Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард

“Ҳоло вақти бештари худамро на барои иштирок дар озмунҳо, балки ба корҳои дигар сарф мекунам. Масалан, дар мактабҳои русӣ ба духтарҳои рус дарсҳои омӯзишӣ (мастер-класс) гузаронида, бо онҳо рақси тоҷикиро меомӯзонам ва аз таърихи рақси тоҷикӣ барояшон қисса мекунам”,-мегӯяд қаҳрамони мо.

“Тоҷикистонро дӯст медорам”

Фарҳод дар гузашта интернет-мағоза дошт ва ба тиҷорати хурд машғул буд, вале ҳоло ягона манбаи даромадаш “Гулчин” мебошад. Русия барои қаҳрамони мо кишвари бегона нест, чун хонаводаи ӯ дар шаҳри Астрахан зиндагӣ мекарданду Фарҳод ҳам зуд-зуд ба Русия сафар мекард.

Аз вақте ки донишҷӯ шуд, то ба ҳол дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунад ва гоҳ-гоҳ ба шаҳри Астрахан, ба дидорбинии наздиконаш меравад. Фарҳод ният дорад, ки дар оянда ба Тоҷикистон баргардад ва фаъолияти “Гулчин”-ро дар шаҳри Душанбе ба роҳ монад.

“Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард

“Ман Тоҷикистонро хеле дӯст медорам. Агар соле ба зодгоҳам наравам, мисли оне ки чизеро гум карда бошам. Лекин зиндагӣ маҷбур карда, ки ҳоло дар Русия кору зиндагӣ кунам.

Дар Русия бошам ҳам, худро тоҷик муаррифӣ карда, мудом аз номи Тоҷикистон баромад мекунам, то ҷаҳониён бидонанд, ки мо тоҷикон санъату фарҳанги бисёрсола ва чунин рақсҳои зебо дорем. Агар ман хизмате барои меҳанам накунам, пас таҳсили ман бефоида хоҳад буд”,- мегӯяд Фарҳод, ки дурӣ аз Ватанро таҳаммул надорад, аммо бо амри тақдиру тақозои замон дур аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

Сообщение “Раққоса не, раққос”: Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Русия ансамбли рақсии тоҷикӣ ташкил кард появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram