Раиси шаҳри Тошканд ба Душанбе омад

Шоми 23 март Раиси шаҳри Тошканд ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Меҳмони олимақомро бо тантана дар фурудгоҳи байналмилалии душанбе муовини раиси шаҳр Қурбонзода Амирхон пешвоз гирифт, гуфта шудааст дар сайти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Ҳангоми вохӯрӣ Рустами Эмомалӣ ҳамтои худ Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, оиди дурнамои ҳамкорӣ миёни ду пойтахт гуфтушунид намуданд. 
Ду пойтахтро муносибатҳои зич, дӯстӣ ва судманд мепайвандад. Аҳ ҳамин лиҳоз масъалаи густариши ҳамкориҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Инчунин шаҳрдорӣ Тошкандро бо дастовардҳои гуногуни шаҳр дар даврони Истиқлол ошно намуданд, ки яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли обҳои ошомидании газноку бе газ «Сиёма» мебошад.
Хотиррасон мекунем, ки шаҳрдорӣ Душанбе низ соли гузашта ба шаҳрҳои Тошканд ва Самкрқанд низ сафар намуда буд.

Мо дар Telegram