Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардШаби 31 марти соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Пак Бён Сок бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, восита­ҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

 

Мо дар Telegram