Раиси Бонки рушди Авруосиё дар Душанбе

Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ, энергетика, саноати вазнину сабук ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ сухан ронданд.

“Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории судманд бо Бонки Авруосиёии Рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳавасманд аст”, — гуфтанд Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб дар Тоҷикистон тавассути Фонди Авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, ки оғози ин сохтмонҳо моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст изҳори миннатдорӣ намуданд. 

Мактабҳо бояд тибқи нақша моҳи сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд.

Раиси Бонки рушди Авруосиё дар Душанбе

Содир Ҷапаров ба Тоҷикистон меояд?

Мо дар Telegram