РАФТИ ДАРСҲО ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

1583

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз шароити муассисаҳои таълимии мақомот ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шудааст ва дар ин раванд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мунтазам тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона маркази омода намудани кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, қайд намудан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо дар Академия бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи таълимӣ-мавзӯӣ тасдиқ гардида, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш дар факултети №3 Академия курси такмили ихтисос ташкил карда шудааст. Бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, дарсҳои таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти нозирон ва сарнозирони РБДА ва ШБДА шаҳру ноҳияҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, криминалистика, таерии ронандагӣ ва дигар фанҳо дар сатҳи баланди касбӣ аз тарафи олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ дар синфхонаҳои махсус муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълими гузаронида шуда истодаанд.

15841585

Ғайр аз ин шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз китобхонаҳои умумӣ, илмӣ, электронӣ ва махсус самаранок истифода мебаранд. Тибқи нақша барои гузаронидани курси мазкур шахсони ботаҷрибаи раёсатҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академия, инчунин олимони унвонҳои илми дошта ҷалб гардидаанд, ки далели ҳамоҳангии фаъолият дар раванди омодасозии кадрҳо мебошад.

Убайдуллоев Ш., Сафарзода С.

Мо дар Telegram