Қурбоналӣ Абдуллоев вафот кард, овозхони шинохтаи тоҷик

Қурбоналӣ Абдуллоев вафот кард, овозхони шинохтаи тоҷик

Шоираи Раҳимҷон, ки аз аҳволи ӯ хабардор буд, нақл мекунад, ки Абдуллоев давоми ду моҳи охир дар беморхона ва зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт. Яке аз пайвандонаш низ чунин мегӯяд, овозхон дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд.

Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони шинохта ва ҳунарманди машҳури Тоҷикистон, ки мегуфт то ҳол таронаҳои беҳтаринашро насурудааст, рӯзи 11-уми январ дар синни 57-солагӣ дар Душанбе аз дунё гузашт. Маросими дафнаш 12-уми январ дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Шоираи Раҳимҷон чунин афзуд:

«Табибон мегуфтанд, бо вуҷуди он ки Қурбоналӣ Абдуллоев марҳилаи буҳрониро гузашта буд, ҳолаш сангин буд. Ду ҳафтаи охир дар ҳуҷраи эҳё қарор дошт. Бисёр мехостем ба аёдаташ равем, вале табибон мегуфтанд, ҳанӯз вақташ нест».

Қурбоналӣ Абдуллоев бисёртар бо иҷрои сурудҳои мардумӣ машҳур аст. «Қишлоқаки ман», «Чашмам масти ту бошад», «Душанбе», «Лайло», «Санамо», «Аввалин ишқам ту будӣ» ва «Чеҳраи хаёл» аз таронаҳои машҳури ҳунарманд ҳастанд.

Қурбоналӣ Абдуллоев вафот кард, овозхони шинохтаи тоҷик
Қурбонали Абдуллоев

Панҷ фарзанд дорад, ки яке аз онҳо бо номи Кароматуллоҳи Қурбон роҳи падарро пеша гирифтааст, ӯ дар мактаби мусиқӣ мехонад.

Мо дар Telegram