Қуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 дар Гулистон баргузор шуд

Дар макази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд қуръакашии мусобиқаи пешазмависмӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 баргузор шуд. Мусобиқаи имсола ба таҷлили 30 соагии Истиқлолияти Ҷумурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Дар мусобиқа, ки яке аз марҳилаҳои омодагии дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нав мебошад, ёздаҳ даста иштирок менамояд. Бозиҳо дар майдонҳои футболи осоишгоҳи “Баҳористон” дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мегузаранд.

Тамоми харҷҳои вобаста ба ташкилу баргузории мусобиқаро Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи Тоҷикистон ба зимма доранд.

Қуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 дар Гулистон баргузор шудТибқи қуръакашии “кӯрона” ёздаҳ дастаи иштирокчӣ ба се гурӯҳ тақсим шуанд ва ба ин тартиб, ду гурӯҳи чор дастагӣ ва як гурӯҳи се дастагӣ созмон ёфт. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ЛФТ-2021 бозиҳо аз рӯи тартиби даврӣ дар як қисм баргузор мешаванд ва мақоми дастаҳо аз рӯи шумораи зиёди имтиёзҳои ба даст овардаашон муайян мешавад. Мутобиқи Тартиби баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 ду дастаи бо нишондодҳои беҳтарин дар гурӯҳҳо мақоми якумро ишғол намуда, барои муаяйн кардани ғолиб дар бозии ниҳоӣ вомехӯранд.

Инчунин, баъди ҷамъбасти натиҷаи марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, бозиҳо барои ҷойҳои таскинбахши 3-4, 5-6, 7-8 ва 9-10 доир мешаванд.

Бозиҳои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 рӯзи чоршанбеи 11-уми март шурӯъ мешаванд.

Қуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 дар Гулистон баргузор шуд

Натиҷаи қуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021:

Гурӯҳи «А»: «Эсхата» (Хуҷанд), КМВА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар).

Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Истиқлол-2» (Душанбе), дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).

Гурӯҳи «В»: «Хуҷанд-2» (Хуҷанд), «Файзканд» (Восеъ), «Душанбе-83» (Душанбе).

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Даври 1-ум

11 март (панҷшанбе)

Гурӯҳи «А»

«Эсхата» – «Хатлон»

КМВА – «Истаравшан»

Гурӯҳи «Б»

«Кӯктош» – Тоҷикистон (U-17)

«Равшан» – «Истиқлол-2»

Гурӯҳи «В»

«Файзканд» – «Душанбе-83»

Мо дар Telegram