Қотили ронандаи таксиро дастгир карданд

Қотили ронандаи таксиро дастгир карданд
МО ДАР TELEGRAM

Санаи 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҷасади ҷавонписари тахминан 20-25 сола дар дохили автомашинаи мусофиркашони тамғаи «Хундай-Солярис», рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ-ҷароҳати ҷисмонӣ дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим бо 42 зарби корд дарёфт гардид.

Қотили ронандаи таксиро дастгир карданд
Автомашинаи ҷабрдида

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

Қотили ронандаи таксиро дастгир карданд
Ҷабрдида Эраҷи Эмомалӣ

Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд.

Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст. Дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда аз зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.

Қотили ронандаи таксиро дастгир карданд
Ҷинояткор Муҳиддинов Саймумин

Айни замон нисбати гумонбаршаванда Муҳиддинов Саймумин тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Бознашр аз: Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Баҳогузорӣ кунед
Комментария нависед

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!: