Қонуни нав барои муҳоҷирон дар Русия

Дар Русия қонуни нав барои воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ қабул карда шуд. 

Акнун шаҳрвандоне, ки ба ин кишвар бидуни виза ва ба зиёда аз 90 рӯз ворид мешаванд, бояд аз қайди дактилоскопӣ гузарад, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ. Ин санад инчунин ташхиси пурраи тиббӣ ва аксбардории хориҷиёнро пешбинӣ мекунад.

Баъзе шаҳрвандон метавонанд бидуни гузаштан аз чунин бақайдгирӣ ворид шаванд. Инҳо асосан шаҳрвандони кишварҳо — аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.

Ин қонуни мазкурро палатаи поёнии Думаи Россия қабул кард, ки ҳамчун лоиҳа моҳи гузашта барои баррасӣ пешниҳод шуда буд.

Мушкилот оиди муҳоҷирони меҳнатӣ ҳануз ҳам миёни Тоҷикистону Русия роҳи ҳалли худро наёфтааст.

Қонуни нав барои муҳоҷирон дар Русия

Бинокорони Урал хоҳиш мекунанд, ки коргарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба Русия иҷоза диҳанд

Мо дар Telegram