Қоҷоқи телефонҳои мобилӣ

 

Қоҷоқи телефонҳои мобилӣСаидов Абдурауф Пирназарович бо маслиҳати пешакӣ бо “Шолочо” ном шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон санаи 01 июли соли 2020 ба миқдори 20 адад телефонҳои мобилии тамғаи «Samsung Galaxy A10S», 20 адад «Samsung Galaxy A51», 20 адад «Redmi Note 8», 80 адад «Redmi Note 9» ва 20 адад «Redmi Note 9S»-ро бо роҳи кочоқ, яъне бидуни назорати гумрукӣ аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд.

Мутобиқи хулосаи ташхис арзиши умумии телефонҳои мобилии болозикр маблағи 345.640 сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, нисбати Саидов А.П. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

         Маркази матбуоти Агентӣ.

Мо дар Telegram