Қоидаҳои нав барои гузаронидани тӯй дар Тоҷикистон

Гузаронидани тую маросимҳо дар Тоҷикистон солҳои охир тағиротҳои зиёдро диданд ва агар пеш аз пандемияи коронавирус шумораи умумии меҳмонҳо бояд аз 180 зиёд намешуд, дар даври пандемия бошад туйҳоро бо иштироки на зиё да аз 40 нафар муқаррар карданд.

Имрӯзҳо бошад баъди беҳтар шудани ҳолати кишвар ва куллан мавҷуд набудани сироятшудагон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то 100 нафар бо риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дод.

Инчунин чунин чорабиниҳо бояд таҳти назорати кормандони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гузарад.

Хотиррасон мекунем, ки  дар давраи пандемияи коронавирус барои аз меъёри муқарраргардида зиёд даъват намудани меҳмонон шаҳрвандон ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима карда мешуданд.

Қоидаҳои нав барои гузаронидани тӯй дар Тоҷикистон

Тошканд назоратро аз болои риояи чораҳои карантини пурзӯр намуда, метавонад чорабиниҳои оммавиро манъ кунад

Мо дар Telegram