Қобилиятҳои зарурӣ дар хизматӣ давлатӣ

Барои беҳтар намудани сифати фаъолият дар мақомотҳои давлатӣ, моҳи марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буданд, ки санҷишҳои ҷиддӣ дар сохторҳои давлат гузаронида шавад.

Дар натиҷаи санҷишҳо беш аз 7 ҳазор нафар кормандони соҳаи молия, гумрук, андоз, амволи давлатӣ ва кумитаи сармоягузорӣ  аз санҷиш гузашта, қисми онҳо ба вазифаҳои пасттар гузаронда, қисми дигарашон аз вазифаҳояшон ронда шуданд. Аммо, шумораи аз кор рондашудагон маълум нест.

“Аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсия шахсони тасодуфӣ, ғайриҳирфаӣ ва номуносиб аз кор аз сохторҳои зикршуда озод шуда, чанде аз онҳо ба вазифаи зинаҳои пасттар гузаронида шуданд”, — иброз дошт вазири адлия дар суҳбат бо хабарнигори Азия-плюс.

Минбаъд дар интихоби кормандони нав ба малакаҳои касбӣ, корӣ ва умумии кормандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, инчунин сатҳи забондонии онҳо, қобилияти тадорукотӣ ва малакаҳои кор дар комптер ба инобат гирифта мешавад.

Қобилиятҳои зарурӣ дар хизматӣ давлатӣ

Дастури Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани парвозҳо

Мо дар Telegram