Қирғизистон мехоҳад, ки Тоҷикистон Ворухро ба ивази 12 гектар замин ба онҳо бидиҳад

Киҳо метавонанд ба Русия сафар кунанд?

Тоҷикистон бо Русия аз 1-уми апрел ба иҷрои парвозҳои мунтазам оғоз мекунанд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба аз Маскав ба Душанбе ва баръакс тавассути ду ширкати ҳавопаймоӣ – “Сомон Эйр” ва Utair -и Русия анҷом дода мешаванд.

Намояндани ширкати ҳавопаймоии Utair дар Тоҷикистон ба Your.tj гуфт, ки қарори ҳукумати Русия маънои онро дорад, ки акнун ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шартҳои умумӣ ба Русия парвоз кунанд.

Манбаъ арзиши чиптаҳои ҳавопаймо ва рӯзҳои парвозҳоро мушаххас накард. Танҳо гуфт, ки ин маълумот фардо маълум мешавад.

Қирғизистон ба Тоҷикистон гуфтааст, Ворухро диҳед, қисме аз Боткандро гиред

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ҷазира қаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд.

Ӯ, ки раиси ҳайати давлатии музокироти масоили сарҳадӣ бо Тоҷикистон аст, рӯзи 26-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Масъалаи асосӣ Ворух аст. Мо бар асоси қонун, сарҳадҳои Ворухро андоза мегирем, то бузургтар нашавад. Вале аз тариқи қаламрави худ ба онҳо фақат барои истифода як роҳ медиҳем, то гузашта тавонанд. Пешниҳоди дуввум сахттар аст. Мо омодаи иваз кардани Ворух ҳастем. Агар онҳо ин қаламрав бо масоҳати 12 ҳазор гектарро ба мо диҳанд, мо омодаем 12 ҳазор гектар аз дигар ноҳияҳои вилояти Боткандро ба онҳо диҳем. Мо ҳатто феҳрасти ин қитъаҳоро ба онҳо додем, вале тарафи Тоҷикистон ҳоло ба мо ҷавоб надодааст.”

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди иваз кардани Ворух бо дигар қаламравҳои Қирғизистон чизе нагуфтаанд.

Ҳамчунин Ташиев гуфтааст, ки намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ояндаи наздик дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия мушкилоти қитъаҳои баҳсии сарҳадро баррасӣ мекунанд.

Аксари домодҳои хориҷии Маскав дар соли 2020 шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд

Шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС)-и Маскав соли 2020 наздики 8,5 ҳазор ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷиро ба қайд гирифтаанд, ки 2% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад. Дар бора ба ТАСС дар Раёсати САҲШ-и Маскав хабар додаанд.

Гуфта мешавад, соли 2020 ҳудуди 450 ақди никоҳ танҳо байни шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирифтааст, ки 30 камтар дар муқоиса бо соли 2019 аст.

Миёни домодҳои хориҷӣ аксариятро шаҳрвандони Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ва байни кишварҳои хориҷи дур – шаҳрвандони Нигерия, Туркия, Ветнам, Британияи Кабир ва Афғонистон ташкил додаанд. Соли 2020 бештар арӯсон аз Украина, Қирғизистон ва Беларус, инчунин Ветнам, Нигерия ва ИМА ба шавҳар баромадаанд.

ВКД ва Вазорати корҳои хориҷӣ: мо дархости истирдоди Иззат Амонро накардаем

Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ду ниҳод аз Русия дархости истирдоди Иззат Амонро накардаанд.

Дар ВКД Тоҷикистон гуфтаанд, ки боздошти Иззат Амон ба мақомоти Тоҷикистон ягон робита надорад ва ӯ ягон ҷиноят вобаста ба Тоҷикистон надорад. “Ҳар чӣ ҳаст барои риоя накардани қонунгузории Русия боздошт шудааст”.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки масъалаи истирдоди шаҳрвандон марбути мо нест. “Русия ва Тоҷикистон дар ин замина шартнома доранд ва мақомот метавонанд бевосита ин корро анҷом бидиҳанд. Вазорат дар ин маврид ягон дархосте нафиристодааст”.

Ин дар ҳолест, ки худи Иззат Амон дар як навори видеоие, ки зоҳиран пешакӣ забт шудаву рӯзи 25-уми март дар “Ютуб” нашр шудааст, гуфтааст, ки бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон боздошт мешавад. Ӯ дар ин муроҷиати видеояш аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин хоҳиш кардааст, ки дар ҳалли қазияааш ёрӣ расонад.

Иззат Амон, раиси “Маркази тоҷикон” дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки рӯзи 25-уми март аз сӯйи маъмурони пулис дар Маскав боздошт шуда буд, ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” муттаҳам шудааст.

Расул Боқиев ба Тоҷикистон омадааст

Паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекунад, ба ҳайси сардовари мусобиқаи наврӯзии гуштингирӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Ӯ имрӯз, 26-уми март, гуфтааст, бо даъвати соҳибкор Асадулло Сироҷев, ки сарпарасти мусобиқаи гуштини миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мебошад, ба Тоҷикистон омадааст.

“Мусобиқаи мазкур рӯзи шанбе, 27-уми март, дар деҳаи Даҳанаи Кӯлоб баргузор мешавад. Ин мусобиқаи анъанавӣ ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз бо иштироки паҳлавонон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои дигар доир мегардад. Барои ширкат дар ин мусобиқа гуштингирон аз Русия низ даъват шудаанд, ки онҳо дар риштаи ҷудо дар Маскав тамрин мекунанд. Дар байни онҳо як нафар ҳамдиёри мо Алӣ Турсунов низ ҳаст, ки ӯ дар вазни то 73 кило дастовардҳои хуб дорад”,-афзудааст Расул Боқиев.

Сардовари мусобиқаи паҳлавонии наврӯзӣ Расул Боқиев дар идомаи суҳбат гуфтааст, ки ба ғолибони мутлақи мусобиқа дар вазнҳои мухталиф шоҳҷоизаҳо – чаҳор мошини сабукрав – тақдим мегардад.

Сообщение Қирғизистон мехоҳад, ки Тоҷикистон Ворухро ба ивази 12 гектар замин ба онҳо бидиҳад появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram