Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қ а р о р    м е к у н а д:

  1. Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ба инобат гирифта шавад.
  2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби мақомоти марказию маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шахсони мансабдори онҳо пурзӯр карда, ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани мухолифати санадҳои ҳуқуқии субъектони мазкур ба қонунгузории амалкунанда чораандешӣ намояд;

— якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаро бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ қатъӣ ба роҳ монда, фаъолиятро оид ба огоҳонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм, савдои одамон, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин пурзӯр намояд;

— вазъи риоя ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, сабабу шароитҳои ба содиршавии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, бахусус авбошии гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби наврасону ноболиғон мусоидаткунандаро таҳлил карда, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод созад;

— барои аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тадбирҳо андешад;

— ҳолатҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он, бахусус дар байни занону ноболиғонро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои мазкур чорабиниҳои дахлдор анҷом диҳад;

— фаъолиятро оид ба назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи андозу гумрук, нақлиёту бонкӣ, обу энергетика, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва рақобат ҷоннок намояд;

— барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузорӣ оид ба замин, шаҳрсозӣ, манзил, меҳнат, муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар ин самтҳо тадбирҳои мушаххас андешад;

— ҷиҳати аз байн бурдани ҳолатҳои сохтакории ҳисоботҳои омори давлатӣ, аз ҷумла изофанависии масоҳати кишт ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт пешниҳод манзур намояд;

— риоя ва иҷрои қонунҳоро аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ пурзӯр карда, ҷиҳати хотима додан ба ҳолатҳои банду басти беасосу ғайриқонунии кирдори шахсони ҷиноятсодиркарда чораҷӯӣ намояд;

— иштироки самараноки прокуроронро дар баррасии судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ таъмин карда, нисбати санадҳои судии хилофи қонун чораҳои дахлдорро татбиқ ва назорати иҷрои санадҳои судиро тақвият бахшад;

— ҷиҳати воқеан барқарор намудани зарарҳои моддии ошкоршуда аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва аризаҳои даъвогӣ аз тамоми имкониятҳои дар қонунгузорӣ пешбинигардида истифода намояд;

— барои таъмини манфиатҳои қонунии амонатгузорону пасандоздорон бобати баргардонидани амонату пасандози бонкии онҳо чораҳои судманд андешад;

— баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин карда, бо қонеъ намудани талаботи қонунии онҳо ба коҳиш додани муроҷиатҳои такрорӣ замина гузорад;

— назоратро оид ба риояи ҳатмии қонунгузорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷинояту муносибатҳои ғайриоинномавӣ, ки боиси расонидани зарари ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, тадбирҳои қатъӣ андешад.

  1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Қарори мазкур ҳар нимсола ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
  2. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.

 

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Рустами Эмомалӣ

 

 

ш. Душанбе,
25 январи соли 2021,
№ 133

Мо дар Telegram