Қариб 500 ҳазор сомонӣ барои стипендияи хонандагон

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори имзо кардаи худ ба 170 нафар хонандагони болаёқати пойтахт идрорпулӣ ҷудо кард.
Зиёда аз 484 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии шаҳрдор барои ҳавасмандгардонии хонандогон равона мешавад. Идрорпулиро  хонандагони мактабҳои миёна ва колеҷҳои шаҳр мегиранд. 
Акнун ҷаонону наврасоне, ки дар рафтору кирдор, хониши аъло ва дар ҳаёти мактаб фаъоланд ҳар моҳ 300 сомонӣ аз кортҳои махсуси худ хоҳанд гирифт.
Аввалин маротиба ин стипендия соли 2017 ҷорӣ шуда буд.

Мо дар Telegram