Қариб 3 миллион сомонӣ барои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» воқеан ҳам ҳамаи сокинони кишварро дар ҳайрат гузошт. Хонандагони мактабу донишҷӯёни кишвар имконияти хубе пайдо намуданд, ки донишу малакаи худро нишон дода, соҳиби ҷоизаҳои пулӣ гарданд. 

Сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳрии Тоҷикистон Обидҷон МАҲМУДЗОДА дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» аз нақшаҳои минбаъдаи ин озмун қисса кард.

Дар ин суҳбат пеш аз ҳама нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд гардида, илова шуд ки тибқи иловаҳои ворид шуда ба низомномаи озмун, 2 835 000 сомонӣ

аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад. Соли гузашта ин маблағ 1 646 400 сомонӣ, солӣ 2019 бошад 310000. Яъне гуфта шуд, ки баҳри ҳавасманд гардонии ҷавонон ба роҳи дониш сол аз сол имкониятҳои хуб фароҳам оварда мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки озмуни мазкур аз рӯи фанҳои адабиёти классикии ватанӣ, адабиёти муосир ва ҷаҳон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад.

Қариб 3 миллион сомонӣ барои озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ"

Дар Тоҷикистон марҳилаи аввали интихоб барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба итмом расид

Мо дар Telegram