Қаллобӣ барои додани қитъаи замин

 

Қаллобӣ барои додани қитъаи заминҲакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» кор карда истода, аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206.150 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намуданд.

Дар ин хусус нисбати Ҳакимов Ҳ.В. ва Раҳимов Ҳ.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

         Маркази матбуоти Агентӣ.

Мо дар Telegram