Путин аз кадом ваксина эм шуд?

Дмитрий Песков котиби матбуоти Президенти Федератсияи Россия хабар дод, ки Владимир Путин худро аз бемории сироятии коронавирус эм кард. Гуфта мешавад, ки президент чун ҳарвақта рузашро дар кор мегузаронад ва аҳволаш низ хуб аст. Аммо, аз кадом навъи ваксина истифода бурд маълум нест зеро, ки эмгузаронии Путин ба мисли дигар роҳбарони давлат дар назди камера нагузашт.
Корҳои иммунизатсия дар Тоҷикистон низ аз 22 март тибқи қарори Президент оғоз шуд. ва аввалин шуда вазири тандурустӣ бо муовинонаш ва намояндаи расмии UNICEF дар Тоҷикистон Маккави Когали дар ҳузури наворбардорон эм шуданд. 
Тоҷикистон алҳол ваксинаи AstraZeneca-ро барои гурӯҳҳои осебпазирӣ ҷомеа истифода бурда истодааст ва Ваксинаи Спутник V ҳануз дастрас нашудааст.

Мо дар Telegram