Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. 

Ин сафар дар посух ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, чунин хабар медиҳад расонаи хабарии «Азия-плюс».

Мавзӯи вохӯрӣ рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар созмонҳои байналмилалӣ хоҳад буд.

Инчунин бастани созишномаҳои нав наз барои тақвият бахшидани муносибатҳои ду кишвар аз эҳтимол дур нест. 

Интизор меравад, ки ин сафар 10-12 июн ба нақша гирифта шудааст.

Ш.Мирзиёев соли 2016 ба ҳайси Президент интихоб гардида буд ва тирамоҳи имсол кишварро интихоботи навбатӣ интизор аст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меояд

Русҳо барои иҷрои тарҳҳо дар Ӯзбекистон 2,2 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунанд

Мо дар Telegram