Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон меояд. Дар Бишкек тоҷирони тоҷикро таҳдид доранд

Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои гуногун тағйироти кадрӣ анҷом дод

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 5 март бо имзои чанд қарор дар ниҳодҳои гуногуни кишвар ҷобаҷогузории кадрҳоро анҷом дод, хабар медизад хадамоти матбуотии президенти кишвар.

Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонзода Абдулло аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ сабукдӯш карда ба ҷойи ӯ Убайдуллозода Ғолиб Хонҷонро таъин кард.

Бо қарори дигари президенти Тоҷикистон директори телевизиони нав “Илм ва табиат” Исмоилзода Зинаттулоҳ Бурҳон таъин шуд. Ӯ қаблан директори муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” буд. Ба ҷойи ӯ декани пешни факултаи журналистикаи Донишгоҳи Милли кишвар Саъдӣ Маҳдӣ таъин гардид.

Инчунин тибқи қарори раисиҷумҳур, Пирназарзода Диловар Маҳмадназар аз вазифаи муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида ба ҷои ӯ Давлатзода Раҳмоншо таъин шуд.

Ҳамчунин Исмоилзода Баҳром Мансур аз вазифаи директори муассисаи давлатии таълимии “Литсей — интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод шуд. Ба ин вазифа Ғайратзода Лайло Диловар таъин гардид.

Бо қарори Ҳукумати тоҷикистон Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин аз вазифаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит озод гардид.

Бо қарори дигари Ҳукумат, Зокирзода Нусратулло Мелик ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин карда шудааст

Инчунин ба амри худ президент Комилиён Файзалӣ Саъдуллоро бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод кард.

Тоҷирони тоҷикро дар Бишкек маҷбур мекунанд, ки корашонро қатъ кунанд

Савдогарони бозори маҳаллии “Дордой”-и Қирғизистон ба соҳибкорони тоҷик таҳдид кардаанд, ки фаъолияташонро дар Бишкек қатъ кунанд ё аз худи онҳо бор харанд.

Субҳониддин Раҳматов, як соҳибкори тоҷик, ки дар Бишкек кор мекунад, ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор дошт, ки муддати 20 рӯз инҷониб онҳо мавриди таҳдид қарор дошта, аз соҳибкорон талаб мекунанд, ки бевосита аз онҳо мол харанд. Ҳатто ба соҳибкорон таҳдиди куштанро кардаанд.

Раҳматов мегӯяд, онҳо дар Қирғизистон чизе нафурӯхта, танҳо сарулибос харида, онро дар Русия мефурӯшанд.

Соҳибкорони тоҷик ба сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва ҳатто онҳое, ки душаҳрвандӣ доштаанд, барои кумак ба сафорати Русия дар Тоҷикистн муроҷиат намуданд, лекин то ҳол аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Дар Раёсати иттилоот ва матбуои ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки  ҳамеша бо соҳибкорони тоҷик дар тамос буда, сафорат ҷиҳати расидагӣ ба ин масъала ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Раёсати ВКД дар шаҳри Бишкек ёддошт (нота) фиристодааст.

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлаташ сухан гуфт.

“Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март”, –  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи роҳбари ин ниҳод, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя – Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

Қазоқистон санаи барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Алмааторо эълон кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати “Эйр Астана” ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.

Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато – Душанбе – Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад”, – омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.

Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии “Сомон Эйр” иҷро мекунад.

ВКД: Нафаре, ки хабарнигори “Озоди”-ро зад, боздошт шуд

Нафаре, ки дирӯз ба хабарнигорони Радиои “Озоди” ҳангоми таҳияи гузориш ҳуҷум карда буд, боздошт шудааст. Дар ин бора аз РВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дирӯз, 4-уми март ду хабарнигори ин расона – Муллраҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдулло дар нуқтаи фуруши сӯзишвории “Соро Ойл” дар маҳаллаи 33-и пойтахт ҳангоми таҳияи гузориш дар мавриди баланд шудани нархи сӯзишворӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳангоме, ки хабарнигорон мехостанд дар ин маврид аз ронандаҳо суол диҳанд, аммо посбони нуқтаи сӯзишворӣ монеъи ин кор шудааст.

Пулиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ки нафаре, ки ба рӯзноманигорон ҳуҷум кард боздошт шудааст.

“Тафтишот мунтазири хулосаи тиббиест, ки имрӯз бояд рӯзноманигорони Радиои “Озодӣ” пешниҳод кунанд. Баъди омӯзиши хулоса тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад. Нафари ҳуҷумкунанда боздошт шудааст ва ҳоло дар ШВКД ноҳияи Сино дар ҳабс қарор дорад”,- гуфтанд аз ин ниҳод.

Сообщение Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон меояд. Дар Бишкек тоҷирони тоҷикро таҳдид доранд появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram