Писарбачаро дар Ҳисор таҷовуз кардаанд

Писарбачаро дар Ҳисор таҷовуз кардаанд

Дар Турсунзода тақрибан 10 рӯз пештар, як писарбачаи хурдсол мавриди таҷовуз қарор гирифтааст, хабар медиҳад сомонаи Pressa.tj бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ.

Аз навиштаҷоти манбаъ бармеояд, ки феълан марди таҷовузкунанда дастгир шудааст ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Аз суханҳо бармеояд, ки ин мард худ сокини шаҳри Ҳисор аст.

Манбаъ аз қавли навбатдори Шӯъбаи умури дохилӣ дар шаҳри Ҳисор менависад, ки алайҳи таҷовузгар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишотро прокуратура идома медиҳад.

Дастдарозии нав ба номуси писарбачаи ноболиғ дар Ҳисор дар ҳолест, ки қаблан низ дар ин минтақа духтари 12 — сола мавриди таҷовуз қарор гирифта буд ва ҳатто пас аз ин ҳодисаи даҳшатбор ҳомиладор шуд.

Мо дар Telegram