Пирӯзии навбатии варзишгарони КҲФ

Пирӯзии навбатии варзишгарони КҲФ

Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ, ягонагӣ миёни вазорату идораҳо ва ниҳодҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ дар Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД Тоҷикистон мусобиқоти варзишии “Ҷоми визири корҳои дохилӣ” дар сангбардорӣ барзузор шуд.

Дар ин мусобиқа миёни вазнҳои гуногун бо иштироки 10 тим дастаи варзишкорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. 

Ҳамкорони варзишкори худро барои ин пирӯзӣ муборакбод мекунем ва интизори ғалабаҳои навем!

барчасп: 
Мо дар Telegram