Пирӯзии дастаи волейболбозони Кумита бар тими “Ҷаҳоннамо”. Ҳисоб: 2:0

Пирӯзии дастаи волейболбозони Кумита бар тими “Ҷаҳоннамо”. Ҳисоб: 2:0

Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, таҳкими дӯстӣ, бародарӣ ва рафоқат дар байни кормандони вазорату идораҳо, инчунин бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ идома доранд.

Чунончӣ,  12 – уми марти соли 2021 дар толори варзишии Муассисаи давлатии Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 5 мусобиқаи волейбол баргузор гардид.

Варзишгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо дастаи Шабакаи давлатии телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷаҳоннамо» вохӯрданд.

Бозӣ басо шавқовару диданӣ гузашт, ду ҷониб ҳам барои сабқат омодагии ҷиддӣ дида буданд. 

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқа ба ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Варзишкорони худро ба ин пирӯзӣ муборакбод мекунем!

барчасп: 
Мо дар Telegram