Пешгуии обуҳавошиносон аз боришотҳо дар Тоҷикистон

Ҳафтаи оянда дар минтақаҳои Тоҷикистон боридани борону жолаҳо идома хоҳанд ёфт, пешгуӣ мекунад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҷумҳурӣ. Тавре ба ҳамагон маълум аст ҳафтаи гузашта дар қисми минтақаҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар шаҳри Душаанбе боронҳои тулонӣ борида буданд.

Акнун рӯзҳои 4-5 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ обуҳавошиносон ва КҲФ аз сардиҳои нав пешгуӣ мекунанд. Дар минтақаҳои куҳӣ эҳтимоли боридани барф ва фаромадани тарма низ дар назар аст.

Рӯзҳои 3-4 апрел дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол  аз самти ғарб бо суръати то 15-20м/с, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд бо шиддатнокии то 21-26м/с дар назар аст.

Рӯзҳои 4-5 апрел дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намоянд ва аз баромадан аз сафарҳои дур ва сайру саёҳат даст кашанд.

Мо дар Telegram