Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ дар фазои маҷозии иттилоотӣ

1575Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буда, дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, мубориза бурда натиҷаҳои назаррасро ноил гаштааст.

Асосогузори сулҳу Ваздати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти тероризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”.
Дар ин миён нақши Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда дард аҳ соли охир дар Интернет (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) дар пешбурди фаъолиятҳои террористию экстремистии хеш ба “муваффақиятҳои чашмрас”-е ноил гаштаанд. Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияҳои ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳанд ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз синни 14 то 20-сола, махсусан хонандагони макотибҳои таҳсилоти умумиву олӣ ташкил медиҳанд.
Чӣ боис гашт, ки созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба Интернет рӯ оварданд? Қабл аз рӯ овардани террористон ба Интернет онҳо фаъолиятҳои террористиву экстремистиашонро бо роҳи физикӣ ба роҳ мемонданд, ки сарфи вақти зиёд ва маблағи ҳангуфтро тақозо менамуд. Масалан, террористонро лозим меомад, ки ҷиҳати таблиғ ва афзоиш додани ҳаммаслаконашон афроди омӯзиш дидаву касбӣ (эмиссар)-и бештареро ҷалбу киро кунанд, то маводи таъсиррасонро монанди фитта (диску касета)-ҳои аудио-видеоӣ, маҷаллаву варақаҳо ва китобу брошурраҳоро ба кишвару давлатҳои мавриди ҳадафашон қароргирифта интиқол диҳанду онҳоро бо ҳар роҳу усулҳо миёни мардум интишор намоянд ва андешаву ғояҳои палиду чиркинашонро аз номи ислом дар мағзи ҷавонони гумроҳу хом рехта, онҳоро аз масири инсонгароиву таҳаммулпазирӣ ва дину мазҳаби ҳанафӣ бароранд. Ин усул, ки тайи чандин даҳсолаҳо аз ҷониби ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу равияҳои террористиву ифротгаро мавриди истифода қарор дошт, дигар барои пешбурди фаъолияти онҳо кор намедод. Чунки давлат ва кишварҳое, ки дар ин самт омӯзишу баррасии роҳу усулҳои мазкур, таҷриба ҳосил карда буданд, тамоми роҳу усулҳои мазкурро бастанду маҳдуд намуданд.
Аз ин рӯ, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба Интернет рӯ оварданд, чунки Интернет барои ҳама дастрас буда, ҳар нафари хоҳишдошта дар ҳар ҷо ва дар ҳама ҳолатҳо метавонад аз он истифода намояд, омӯзад, омӯзонад, нависад, тиҷорат намояд, ба таблиғоту ташвиқот машғул гардад ва ба таври онлайниву ғайрионлайнӣ, видеоиву аудиоӣ ва навишторию аксӣ анҷом диҳад. Ба истилоҳ Интернет дунёест бузург, ки иртиботи ногусастанӣ бо ҷаҳони мо дорад.
Олами Интернетро метавон дар навбати худ ба се қисмати асосӣ ҷудо намуд: сомонаву блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо. Аз қисматҳои мазкур барои ба ҳадафашон расидан террористону экстремистон бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Одноклассники, Faceebook, B контакте, Twitter ва ғайра) ва мессенҷерҳо (WhatsApp, Viber, Telegram, Faceebook Messenger, Skype, ICQ, Google Hangouts ва ғайра) истифода менамоянд. Ҳар шабакаи иҷтимоии Интернет бошад, дар навбати худ хусусиятҳои ба худ хоси хизматрасонӣ ва истифодабариро дорад. Масалан, истифодабарандаи “Одноклассники” доираи “дӯст” гирифтанаш маҳдуд буда, метавонад танҳо 4000 “дӯст”-и интернетӣ дошта бошад, аммо теъдоди гирифтани дӯст (обуна) дар aceebook бемаҳдуд аст. Агар дар “Faceebook” ҷой додану нашри файлу адабиёти электронӣ (дар шакли PDF ва Word) имкон дошта бошад, ин кор дар “Одноклассники” ғайриимкон аст. Агар фаъолияти қатъшудаи саҳифаи “Faceebook” дар Интернет барқарор карда шавад, дар “Одноклассники” имкони барқарори он вуҷуд надорад.
Ҷой додани видеоролик, клип ва ҳатто филмҳои калонҳаҷм танҳо дар “YOUTUBE” имкон дошта, шабакаи мазкур бо ҳамин мақсад роҳандозӣ гаштааст.

Барои табодули босуръат ва осони афкор, ахбор ва маълумот (зангҳои видеоию аудиоӣ ва паёмакҳо) бошад мессенҷерҳои монанди WhatsApp, Viber, Telegram, IMO ва ғайра ба роҳ монда шудаанд, ки анҷоми онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ё ғайриимкон аст ё мушкил. Таблиғу анҷоми амалиётҳои террористию ифротӣ дар шабакаҳои мазкур вобаста ба имкониятҳои корбурдашон аз ҷониби созмонҳову ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ мавриди истифода қарор мегирад. Террористону экстремистони аз номи ислом баромадкунанда равишҳои зеринро дар Интернет барои расидан ба ҳадаф ва мақсадҳои худ мавриди истифода қарор медиҳанд:
Таблиғ: Фаъолияти таблиғоти яке аз самтҳои асосии истифодаи Интернет барои терррористону экстремистон маҳсуб меёӣад, ки он тавассути паёмҳо, намоишҳо, адабиёти электронӣ (китоб, брошюраҳо, маҷҷала, мақолаҳо ва ғайра), аудио-видео, роликҳову клипҳо, инчунин, бозиҳои электронии сохтаи террористон ва намояндагони онҳо ба роҳ монда мешавад.
Самти фаъолияти таблиғотии террористону экстремистон бошад, дар навбати худ навъҳои дигари заминаҳои фаъолияти террористӣ, аз ҷумла, одамкирокунӣ , таҳрик ба анҷоми амалиётҳои террористиву экстремистӣ ва радикализатсияро низ ба бор меорад.
Маблағгузорӣ: Иттиҳодияҳои террористӣ метавонанд Интернетро барои маблағгузории амалиётҳои террористии худ истифода намоянд. Террористон тавассути Интернет бо роҳи муроҷиатҳои мустақим, барои анҷоми корҳои иделогӣ, тиҷоратӣ электронӣ, ба воситаи иттиҳодияҳои хайриявӣ ва ғайра маблағ ба даст меоранд.
Омодасозии террористон: Дақиқан дар даҳсолаи охир Интернет ҳамчун базаи фаъол барои тайёр кардани террористону экстремистон мавриди истифода қарор мегирад. Яъне, созмонҳои террористӣ дар сомонаи худ ба воситаи адабиёти электронии таълимӣ, аудио-видео роликҳо ва клипҳо, паёмҳои маълумотӣ ва тавсиявӣ террористону экстремистонро омода менамоянд. Маводи мазкур, ки дар бораи чӣ гуна ба созмон ва ё гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ворид шудан, омода сохтану истифодаи лавозимоти таркандаи ҷангӣ ва яроқҳои оташфишону дигар намуди аслиҳа ва маводи хатарноки тарканда, чи гуна ба нақша гирифтану анҷом додани амалиётҳои террористиву экстремистӣ ва ғайра буда, бо чандин забон тарҷума мешаванд, ки дастрасиашон дар Интернет саҳлу осон аст.
Инчунин, банақшагирии амалиёти террористиву иҷроиши онҳо ва ҳуҷумҳои интернетӣ ё компютерӣ низ тавассути интернет роҳандозӣ мегарданд. Тадқиқотҳо ба он ишора мегарданд, ки террористон, ба вижа, террористони “ДИИШ” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷнрҳо (Telegram, WhatsApp ва Faceebook) занону духтарон ва аслиҳаҳои ҷангиро дар музояда гузошта, ба фурӯш мебароварданд.
Инчунин, террористони “ДИИШ” тавассути сомонаҳои расмиашон асирони гирифтаашонро низ ба фуруш мегузоштанд, ки воситаи муомила барои хариду фурӯш мессенҷери “Telegram” қарор дода шуда будааст. Вақте террористону экстремистон фаъолияти хешро дар шабакаи ҷаҳонии интернет озодона ба роҳ монда, бо ин роҳ муваффақиятҳояшон ба таври динамикӣ боло рафт, падидаи нави террористиву экстремистӣ бо номи кибертеррроризм ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа ҷомеаи ҷаҳониро хатари фаро гирифтани даҳшат (қатлу куштор, таҷовузу ифрот, бетартибиву бенизомӣ, тарсу ваҳм, тахрибу вайронкорӣ ва ғайра) ва аз байн рафтани давлату кишварҳои миллӣ, демокративу федеоативӣ ва ғайра таҳдид кард.
Аз ин рӯ, давлатҳои абарқудрате назири Чин, Русия, Фаронса, Англия ва ғайра ба танзим даровардану назорати шабакаҳои ҷаҳонии интернет шурӯъ намуда, сомонаву саҳифаҳои террористиву ифротӣ (махсусан “ДИИШ”)-ро дар қаламрави давлаташон маҳдуд кардан гирифтанд. Масалан соли 2015 роҳбарияти хизсатрасонии “Twitter” фаъолияти 125 ҳазор истифодабарандаи шабака (аккаунт)-ро, ки марбут ба террористони “ДИИШ” ва дигар иттиҳодияҳои террористии “исломӣ” буданд, дар ҳудуди шабака маҳдуд намуд.Созмони Аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) беш аз 200 сомонаҳои террористию экстремистиро дар давлатҳои ИДМ қатъ гардонид.
Мақомоти салоҳиятноки ҶумҳурииТоҷикистон низ дар рафти муборизаи иттилоотӣ амалиётҳои махсуси иттилоотиро амалӣ менамоянд. Амалиёти махсуси иттилоотӣ, ё ин ки амалиёт дар рафти муборизаи иттилоотӣ — ин маҷмӯи чорабиниҳои махсуси иттилоотие ҳастанд, ки аз ҷониби гурӯҳи таъминоти таҳлилӣ ва иттилоотии субъектҳои мақомоти салоҳиятнок дар чаҳорчӯбаи маъракаи иттилоотӣ гузаронида мешавад. Мо бояд ҳамеша кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, хушёрию зиркиро аз даст надода, ба ҳамлаҳои иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ муқовимат карда, арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ҳифз намеом.

Курсанти курси 4-уми факултети №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия, Абдуллоев Х.Ш.
Роҳбари илмӣ-Асламов Б.С.

Мо дар Telegram