Парвозҳои «Сомон Эйр» ба Москав зиёд шуданд

Парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  дар масири Душанбе-Москва-Душанбе минбаъд дар як рӯз ду маротиба анҷом дода мешаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, «Сомон Эйр» минбаъд парвозҳоро ба самти Москав (майдони ҳавоии Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба ба воситаи ҳавопаймои Boeing 737-800 анҷом медиҳад.

Таъкид шудааст, ҳамаи мусофирон, ба ҷуз аз шаҳрвандони Русия, бояд шаҳодатномаи PCR-test-ро бо натиҷаи манфии COVID-19, ки дар давоми 48 соат пеш аз ворид шудан ба ҳудуди Русия дода шудааст, бо худ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, ки аз 15-уми марти соли 2022 вуруди мусофирон аз давлатҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди шаҳодатномаи ваксинатсия пурра ва ё қисман иҷозат дода шуда буд. 

Дар ҳоле агар мусофирон гувоҳномаи ваксинатсия надошта бошанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани PCR тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод кунанд. Кӯдакони то синни 3 сола аз пешниҳоди PCR -тест озод шуда буданд.

Парвозҳои "Сомон Эйр" ба  Москав зиёд шуданд

Ëддошти тафоҳум ба имзо расид: Корея дар Душанбе метро месозад

Мо дар Telegram