Парвозҳои мунтазами Россия бо Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор шуданд

Россия парвозҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 1 апрел барқарор мекунад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Ситоди зудамал мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус дар РФ. 
Ин қарор, дар ҷаласаи ситоди давлатӣ бо иштироки муовини сарвазири Россия Татяна Голикова баррасӣ шуда, қабул шудааст.
Баъд аз омухтани вазъи эпидемиологии кишварҳои алоҳида ва машварати гузаронида шуда бо Михаил Мишустин ба қароре омаданд, ки аз 1 апрел парвозҳо оғоз шаванд ва дар 1 ҳафта як маротиба ба самти Душанбе-Москва сурат мегирад.
Ба ғайр аз ин, боз бо Шри-Ланка, Сирия, Венесуэла ва Германия низ парвозҳо оғоз мешаванд.
Мо дар Telegram