Парвозҳо бо Русия барқарор мешаванд? Мутахассисони Роспотребнадзор ба Тоҷикистон меоянд

Эмомали Раҳмон фармони даъват ба хидмати бахориро содир кард

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳории наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро имзо кард. Дар фармон гуфта мешавад, ки “моҳҳои апрел-майи соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари кишвар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиши милли даъват карда мешаванд, хабар медихад хадамоти матбуотии роҳбари давлат.

Ёдовар мешавем, ки таҳрири нави Қонун дар бораи хизмати умумӣ барои бархе аз категорияҳои даъватшавандагон хидмати алтернативиро пешбинӣ мекунад, ки онҳо бо пардохти маблағи мушаххасе бо гузаштани хидмати якмоҳаи дастаҷамъӣ аз адои хидмат озод карда мешаванд.

Мутахассисони Роспотребнадзор ба Тоҷикистон меоянд

Рӯзҳои наздик мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия барои таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Дар ин бора зимни мулоқоти вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва сафири Русия Игор Лякин-Фролов гуфта шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорат.

Интизор меравад, ки мутахассисони Роспотребнадзор зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои кишвар дидан намуда, инчунин бо табибони тоҷик мулоқот ва мубодилаи таҷриба мекунанд.

Интизор меравад пас аз омӯзиши вазъи эпидемиологии Тоҷикстон аз ҷониби муттахассисони Роспотребнадзор ва дар сурати муътадил арзёбӣ шудани вазъ Русия сарҳадҳои худро ба рӯйи тоҷикистониён мекушояд.

Ҳама билетҳо ба фурӯш рафтаанд

Билетҳо барои парвози нахустин пас аз аҳди коронавирус аз Душанбе ба Алмато, ки рӯзи 14 март пешбинӣ шудааст, аллакай пурра фурӯхта шудаанд. Парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» анҷом дода мешавад. Аз Душанбе ҳамчунин рӯзи 21 март низ иҷрои парвоз пешбинӣ шудааст, гуфтанд дар нуқтахои билетфурӯшӣ.

Нархи чипта дар дараҷаи иқтисодӣ аз 3,5 ҳазор сомонӣ боло ва дар дараҷаи тиҷорӣ бо маблағи 8,5 ҳазор сомонӣ фурухта шудааст. Ширкати “Сомон Эйр” ҳанӯз ҷадвали парвозҳояшро дар ин самт эълон накардааст.

Дар кишвар ҳаво 2 дараҷа хунук мешавад

Рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар кишвар эҳтимолияти ба амал омадани боришоти бошиддат дар назар аст. Дар бештари ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ рӯзи 14 март борон ба барф мубаддал мегардад, хабар медихад агентии обухавошиносӣ.

Ба истиснои ВМКБ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с мевазад. Рӯзи 14 март дар пойтахт боришоти борону барф, дар назар буда, ҳарорат рӯзона дар сатҳи 0-2 дараҷа хунук пешбинӣ мешавад.

Се нафар бар асари фаромадани тарма ҷон бохтанд

Бар асари фаромадани тарма дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар наздикии мавзеи Кумарғи Боло се нафар ҳалок шуданд. Ҳодиса дар паҳлӯи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Кооперация 19» рух додааст, ки бар асари он кормандони 33, 40 ва 51 солаи ин корхона ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ.

Тибқи иттилои кумита, дар километри 550-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва километри 31-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим низ ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст. Айни замон роҳҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.

Барои барқарорсозии НОБ Норак 36,5 млн доллар ҷудо мекунанд

Барои барқарорсозии марҳилаи дуюми НОБ Норак, Бонки Ҷаҳонӣ 36,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад.  Созишномаи дахлдорро ҳукумат ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд охири соли гузашта имзо карда буданд. Дар ин бора вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода дар парлумон изҳор дошт.

Марҳилаи аввал таъмири се агрегати гидроэнергетикӣ, таъмири ҷузъҳои асосии инфрасохтори нерӯгоҳ ва иваз кардани шаш автотрансформаторро дар бар мегирад. Дар марҳилаи дуввум таъмири 6 агрегати боқимонда, барқарорсозии пули Норак, таъмири бинои нерӯгоҳ ва дигар иншооотҳои асосӣ дар назар аст. Арзиши умумии лоиҳаи марҳилаи дуввум 192 млн долларро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии тавдид ва  навсозии нерӯгоҳ  700 млн доллар ҳисоб шудааст.

Тарифҳои ҳаққи партов 20 фоиз боло рафтанд

Бо пешниҳоди  раисони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе тарифҳои ҳаққи хизматрасонии баровардани партови маишӣ дар пойтахт ба андозаи 20% боло шуданд. Ҳисобу китоб бо тарифҳои нав аз 1 марти соли 2021 оғоз мегардад.

Тарифҳои нави ҳаққи хизматрасонии баровардани партов дар ноҳияҳо гуногун муқаррар шудааст: он аз масофа ба партовгоҳи асосии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста аст ва табиист, ки ин ҷо хароҷоти нақлиёт ба инобат гирифта мешавад. Маблағ на аз рӯйи қайд, балки барои ҳар як нафари бо ин суроға иқоматдошта ситонида мешавад, хатто аз кӯдакони хурдсол низ.

Сообщение Парвозҳо бо Русия барқарор мешаванд? Мутахассисони Роспотребнадзор ба Тоҷикистон меоянд появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram