ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ- БАХТУ САОДАТИ ОЯНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

payom1Санаи 26 январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид, ки дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳайати устодону омӯзгорон дастаҷаъмона онро тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд. Боиси хушнудӣ мебошад, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар бар гирифта, бештар оид ба дастовардҳову пешравиҳо дар ҳама самтҳои сохторҳои давлатӣ ва хоҷагии халқ ба таври возеҳ қайд карда шуданд. 

Сарвари давлат сипосгузор аз он буданд, ки маҳз заҳматҳои софдилонаи халқи шарафманди Тоҷикистон дар таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар буд, ки мардуми кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Инчунин қайд намуданд, ки бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи моён мушкилоти ҷомеа ва давлат дар ояндаи наздик бартараф мегардад ва Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил меёбад. Ин суханони сардори давлат ниҳоят самимӣ бо як ҳиссиёти баланд ва боварии комил гуфта шуданд, ки ҳайати кормандон ва омӯзгорони факултет хурсанд гардида ба онҳо нерӯи тоза бахшид. Зеро суханони сардори давлат кафолати ояндаи дурахшони халқи тоҷикро муқаррар намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Паёми худ вобаста ба паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ва босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида ва ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардидани кулли давлатҳои дунё суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонид.
Як масъалаи муҳим, ки сардори давлат дар Паёми худ ва дар Паёмҳои қаблӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд ин рушди соҳаи маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошад. Барои пешрафти соҳаи мазкур имрӯз ҳамаи шароитҳо барои таълиму тарбияи насли наврас аз тарафи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаё карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии наврасону ҷавонон, инчунин дар онҳо тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Бинобар ин ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар соҳаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин буд, ки дар соли 2020 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, дар 30 соли Истиқлолият дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.
Тарбияи насли наврас, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ин як механизми ҳаракаткунандаи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Бинобар ин аз тарафи ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ватандустии ҷавонони имрӯза як қатор чораҳои мушаххас андешида шудааст. Мисоли ин Барномаи давлатӣ дар бораи «Тарбияи ватандӯстии ҷавонон » мебошад. Дар натиҷаи баррасии барномаи мазкур хулосаи амиқ баровардан мумкин аст, ки ин барнома фаъолияти 90 % ҷавононро фаро гирифта, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо таъсири мусбии худро расонидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро ҷузъи якуминдараҷа ҳисобида доимо зикр менамоянд, ки ҷавонон иқтидори фаъол ва қувваи созандаи ҷамъият мебошанд. Яъне хуб тарбия намудани ҷавонон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо қарзи муқаддаси ҳар як аъзои ҷамъият мебошад. Зеро ҷавонон соҳибони ояндаи Ватан ва шаҳсутуни давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи донишгоҳҳо мебошад, ки дар ҷодаи омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Вазорати корҳои дохилӣ, фаъолият менамояд. Аз тарафи ҳайати омӯзгорон ва кормандони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кушиш ба харҷ дода мешавад, ки курсантонро дар руҳияи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарастӣ тарбия намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба душвориҳо ва мушкилиҳо нигоҳ накарда дар роҳи тараққиет дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки яке аз нуктаҳои онро дар ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида кардан мумкин аст.
Қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон » аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ҳамин замина таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдтар моҳи ноябри соли 2006 ин мақоми давлатӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саӣёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудааст, инчунин қабул гардидани Барномаи миллии « Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999-2000 аз 5 октябри соли 1998, Барномаи миллии « Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003», 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба ғайр аз ин мунтазам доир гардидани фестивалҳои дӯстии ҷавонон байни шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурӣ, шаҳодат медиҳад, ки дар солҳои истиқлолият дар ҳаёти ҷавонони кишвар тағйиротҳои куллӣ ба амал омада, фаъолияти онҳо ниҳоят пурҷилову рангин гаштааст.
Ба ғайр аз ин имрӯз барои ҷавонони Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳо барои таҳсилу фаъолият фароҳам оварда шудаанд. Хусусан дар самти равнақ додани варзиш дар ҷумҳурӣ аз тарафи давлат ва ҳуқумати ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад, то ки ҷовонон бештар ба варзиш машғул шаванд, зеро имрӯз як масъалаи доғи рӯз ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо ташвишовар мебошад. Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар баӣни наврасону ҷавонон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро наврасону ҷавонон ҳар кадар солиму бардам бошанд, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманд мегардад.
Бинобар ин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои тараққиёти тарбияи ҷисмонӣ чораҳои лозимӣ, яъне сохта ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ, андешида шудааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ маълум мебошад, ки фақат дар ду соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 2400 толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар ҳар кадоми онҳо аз 500 то 2000 нафар иштирокчиёну мухлисон имкони иштирок намудан доранд. Аз ин лиҳоз имрӯз теъдоди федератсияи варзишии кишвар ба 50 адад расида, шумораи ҷавононе, ки ба варзиш машғуланд, то 15 фоиз зиёд шудааст. Инчунин иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд гардида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Мисоли ин дар соли охир варзишгарони тоҷик дар 152 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 730 медал, аз ҷумла 210 медали тилло, 208 медали нуқра ва 312 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ҳамин давра варзишгарони тоҷик 19 маротиба унвони чемпиони ҷаҳон, 70 маротиба унвони қаҳрамони мусобиқаҳои Осиёро ба даст оварда, дар 64 мусобиқаи ҷаҳонӣ соҳиби ҷоиза гардиданд.
Ба чунин натиҷаҳо ноил гардидани ҷавонон албатта саъю кӯшиш ва талоши худи ҷавонон, заҳмати шабонарӯзии устодону омӯзгорон ва маъсулони соҳаи маориф мебошад. Бисёр хурсандиовар аст, ки имрӯз ҷавонон атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин аз ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Сардори давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ доимо қайд менамоянд, ки ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат мебошанд.
Бинобар ин, барои тасдиқи суханҳои сардори давлат ҷавонон чун насли ояндасози Ватан бояд қушиш намуда, ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯи илму дониш, азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бошанд. Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва донистани ду забони хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, инчунин истифода карда тавонистани технологияи муосир, пеш бурдани зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеъи худро пайдо кардан имконпазир мегардад.

Муовини сардори факултети
№ 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба қисми таълим,
полковники милитсия Мухаммадзода Н.Б.

.

Мо дар Telegram