Паёми Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-инъикосгари фарҳангу маърифат ва пешбарандаи ҷомеа ба ояндаи нек

1018Имсол аз таъсиси Ҷумҳурии соҳибистиклоли Тоҷикистон 30-сол пур мешавад.Ин ҷашни муқаддаси миллӣ-мояи ифтихор ва шарафи бузурги ҳар як шахрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.Тоҷикистон дар тули 30-соли соҳибихтиёрӣ роҳи пурпечутоби ҳаёти ҷамъияти-сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангиро тай намуд. Хушбахтона ба иқболи мардуми тоҷик дар рӯзҳои сангину вазнини солҳои 90-ум фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мархилаи бӯҳрони шадиди сиёсӣ, ки хатари нобудшавии давлату миллати точик аз ҷониби хоинони давлат ҷой дошт ба арсаи сиёсат ворид гашт. Дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар Ичлосияи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон зимоми давлатдориро ин шахсияти барҷаста ба зимма гирифт.Дар он рӯзҳо касе намехост,ки ҷони худро барои ояндаи миллат дар хатар монад.Шахсе лозим буд,ки аз баҳри худ гузарад ва давлату миллатро ба ваҳдат биёрад.Ин шахсияти бузург ва маъруф муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистони тозаистиқлолро аз вартаи ҳалокат наҷот дода ва роҳи ояндаи неки онро муайян сохт.Аз ин лиҳоз ҳамаи мо бояд аз хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом сипосгузор бошем.

Чун анъана ҳар сол Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба самтхои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём муроҷиат менамояд.Имсол 26-январ дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.
Паёми навбатӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ,таърихӣ ва фархангӣ дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ буда, онро инъикосгари фарҳангу маърифат ва пешбарандаи ҷомеа ба ояндаи нек номидан мумкин аст. Паём аз бахшхои рушди иқтисодӣ дар аёми пандемияи коронавирус,тадбирҳои фаврии Ҳукумат дар самти табобату пешгирии он оғоз гардид. Дар Паём таъсири манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди ҷахон, аз ҷумла ба Тоҷикистон шарҳу эзоҳи худро ёфт, ки ҷаҳон дар 100-соли охир чунин бӯҳронро надида буд.Ҳукумати кишвар дар хол чорабиниҳои фаврӣ гузаронида, ба соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ҷудо намуда, барои табобат ва пешгирии он сарф намуд.
«Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд» иброз намуданд,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ.Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 26.01.2021).
Ҳамчунин масоили сиёсӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардида,Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр намуданд:«Соли 2020–ум, ҳамчунин, бо рӯйдодҳои басо муҳимму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид.Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ.Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 26.01.2021).
Дар Паём масоили муҳими давлатӣ, рушди иқтисодӣ, амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат, аз қабили истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар таҳлили амиқ гардид.Кишоварзони кишвар барои соли 2021 аз пардохти ягонаи замин озод карда шуданд,ки ин ғамхории бузург дар ҳақки онҳо ва таъмин бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд,ки степендияи донишҷуён аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30% зиёд карда шавад, ки ба болоравии фаъолнокии минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин дастур дода шуд,ки соли 2021 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фуруғи маърифат» барои рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуда, ғолибон барои ҳавасмандгардонӣ бидуни имтиҳонҳо ба Мактабҳои олӣ дохил карда шаванд.Нафақаи маъюбон аз 20% то 50% зиёд карда шуда,3-мактаб-интернати Президентӣ бо тамоми шароитҳо барои ятимон бунёд карда шавад. Барои касбомӯзии ояндаи ҷавонон омӯзишгоҳи муосири касбӣ — техникӣ бо мусоидати намояндагони Ҳукумат ва вакилони Маҷлиси Олӣ таъмир карда шуда, бо таҷҳизоти муосир ба истифода дода шавад.Инчунин масъалаҳои баланд бардоштани нақши занон дар идоракунии давлатӣ, ҳифзи забон, таърих, фарҳанг,тандурустӣ ва варзиш низ баррасӣ гардид. Дар самти амният ба Прократураи генералӣ дастур дода шуд,ки барои пешгирии хатархои терроризму экстремизм лоихаи нави «Стратегияи миллии муқовимат бар зидди экстремизму терроризм барои солҳои 2021-2025» баррасӣ намуда,барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Минбаъд ҳам корҳои тарғиботӣ байни ҷавонон бар зидди шомилшавӣ ба гурӯҳхои ифротӣ густариш дода шавад.
Ҳамчунин самтҳои сиёсати хориҷии кишвар, густариши он дар доираи ҳамкориҳо бо СММ,САҲА,СҲШ,СААД, Созмони ҳамкории иктисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, равобити густурда бо кишварҳои Россия, Хитой, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва кулли кишварҳои ҷаҳон дар асоси сиёсати «дарҳои кушод» баён гардид, ки обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад бардошт. «Дар паҳлуи халқ дар ҳама ҳолат будан меҳвари сиёсати давлат ва хизмати содиқона ба онро ташкил медиҳад» — иброз намуданд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар маҷмӯъ миллати тоҷик Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инъикосгари фарҳангу маърифат ва пешбарандаи ҷомеа ба ояндаи нек мебошад, бо қаноатмандӣ пазируфта рӯҳбаланд гариданд. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои муассир дар рушди ҷомеа пешниҳод гардиданд:
-Бо мақсади татбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар мушкилоти ҷойдоштаи соҳа давра ба давра ҳаллу фасл карда шавад;
-Табирҳои иловагии ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шавад;
-Низоми молиявӣ ва фаъолияти бонкӣ такмил дода шавад;
-Рушди кишоварзӣ,чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ густариш дода шавад;
-Пеши рохи талафоти неруи барқ гирифта шуда, тадбирҳои сарфаҷӯии он андешида шавад;
-Рушди сайёҳӣ,ҳунарҳои мардумӣ,таъмиру тармими роҳҳои нақлиётӣ идома дода шавад;
-Тадбирҳои таъмини ҷойи корӣ дар дохили кишвар, алалхусус соҳаи кишоварзӣ андешида шавад;
-Авфи қонунигардонии маблағҳо ва дигар дориҳо гузаронида шавад;
-Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуда,бо тағйиру иловахо ба Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад;
— Лоиҳаи Маркази ҷумхуриявии микробилогия ва вирусшиносӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ пешниҳод карда шавад;
-Ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад, ғолибони он бидуни имтиҳон ба мактабҳои олии кишвар дохил карда шаванд;
-Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ карда шавад;
-Агенетии инноватсия ва технология таъсис дода шуда, пайваста ба технологияи рақамӣ гузашта шавад;
— Ба Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд;
— Маоши донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо, стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
— Аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд ва кӯдакони маъюби гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад;
— Заминҳои кишоварзӣ аз пардохти андози ягонаи замин барои соли 2021озод карда шаванд;
— Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд;
— Ба аъзоёни Ҳукумат ва намояндагони Маҷлиси Олӣ дастур дода шуд, ки омӯзишгоҳхои касбӣ — техникиро таъмир намуда, бо таҷхизоти муосир ба истифода диҳанд;
— Ба Кумитаи занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 омода намоянд;
— Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар роҳандозӣ карда шавад;
— Роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда шуданд, ки дар муҳайё кардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангӣ, омӯзиши касбии хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, риояи қатъии интизоми хизматӣ, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан, кирдорҳои коррупсионӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд;
-Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025» таҳия намуда пешниҳод намояд;
— Ба макомоти хифзи ҳуқуқ дастур дода шуд, ки барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд;
— Соли 2021 Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ — Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад ва он бояд дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронида шавад;
— Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлат қарор дорад;
— Мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони тоҷикон барои тарбияи наслҳои наврас ва ба мардуми олам муаррифӣ карда шавад.

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мароқи том пазируфта шуда, аз ҷониби роҳбарият барои амалӣ гардонидани он дастурҳои мушаххас дода шуда, нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он ба тавсиб расид. Дар оянда низ омӯзиш, баррасӣ ва тарғиботи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки инъикосгари фарҳангу маърифат ва пешбарандаи ҷомеа ба ояндаи нек мебошад, бо ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.

Шарифзода Ф.Р.- Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент,генерал-майори милитсия
Асламов Б.С.- омӯзгори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия

 

Мо дар Telegram