ПАЁМ- РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад. 

Эмомалӣ Раҳмон.

payom1Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян гардида ва дар мавриди пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа вазифаву барномаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.
Паёми Президенти кишвар чун Паёмҳои қабли ба ҳар як сокини кишварамон ба он умедвор менамоянд, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.
Зеро Паёми Президенти кишвар дорои мазмуни пурмуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталифи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, фарҳанг, дар маҷмӯъ тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун таъкид намуда, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму эктремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, такмили қонунгузорӣ дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.
Сол то сол ҷумҳуриамон бо роҳбарӣ ва сиёсати пешбарандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Тараққиёти мамлакатро дар ҳар кунҷи мамлакат мо метавонем бинем. Аз Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ метавонем ҷамъбасти кушишу ғайрати солонаи ҷамъияту давлатро, ки он қадам ба қадам ба он ҳадафҳои дар пеш гузоштааш дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ қисман расида, бо талошҳои зиёди Сарвари мамлакат ва иродаи қавии халқи азизамон ба дигаронашон расида истодаем, дарк намоем. Яке аз фарқиятҳои паёми имсола аз солҳои қаблӣ дар он буд, ки нақшаҳои дар пеш гузошта на яка сол балки солҳо барномарезӣ карда шуданд. Аз он ҷумла яке аз масъалаҳое, ки ба он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шуд, аз тарафи Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» буд. Ҳадафи ин тадбир боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омузгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» доир мегардад. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Ҳамчунин ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар татбиқи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.
Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монанд, ва ҳамчунин ба сохторҳои дар боло зикршуда супориш дода шуд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омузгорон ва волидайни онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ташкил ва баргузории ин чорабинӣ бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ тамоми самтҳои ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода, таъкидҳои саривақтӣ ва нуқтасанҷона намуданд. Тамоми мардуми шарафманди тоҷик шоҳиданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомоти неки Пешвои миллат мавқеи зан зина ба зина боло рафта, дар аксари соҳаҳо таҳким ёфтааст. Тавре, ки Президенти кишвар таъкид доштанд, дар ин давра дар самти ҳуқуқу озодиҳои зан як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, «Барномаи давлатии пешгирии зуроварии дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Консепсияи рушди оила ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки бар иловаи дигар асноди муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расиданд ва барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар Паёми қаблии худ ироа карда буданд, ки: «Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу боҳабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунанд, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд».
Ҳамин эътимоду боварӣ буд, ки имруз занон ва духтарони тоҷик дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуда, баробари мардони шуҷоатманд дар сохторҳои роҳбарикунанда, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, мақомотҳои қудратӣ ва дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии ватан ва ҳаёти осоиштаи мардуми мамлакат аҳлона заҳмат мекашанд ва барои рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд, ки ин боиси хурсандиву шукргузории миллати тоҷик мебошад. Дар ҳақиқат, тибқи таъкиди Сарвари давлат имруз дар соҳаҳои муҳими ҷомеа – маориф, тандурустӣ шумораи бонувону духтарон бамаротиб зиёд шуда истодаанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ имрузҳо аз шумораи умумӣ 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 3385 нафар ё 23.4 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Дар соҳаи маорифи кишварамон 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону духтарони тоҷик ташкил медиҳанд.
Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон – алалхусус ба занон илҳоми тоза бахшида, масъулияти онҳоро беш аз пеш даҳчанд намуда, тибқи таъкиди падаронаи Сарвари давлати худ модарону бонувони кишвар бояд дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъолтар ва фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи зиндагӣ ҳидоят намоянд, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳуввияти миллӣ, ватани худро аз душман эмин дошта, ба иғвои хоинон дода нашуда дар ҳифзу ҳимояи ватан, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини аҷдодии мост, рияо карда, дар эҳёи ҳанарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф, поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кушиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омузонанд.
Паёми Сарвари давлат барои кишоварзон илҳоми тоза бахшида, масъулияти онҳоро беш аз пеш даҳчанд намуд. Тамоми миллати тоҷик шоҳиданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомоти неки Пешвои муаззами миллат мавқеи кишоварзӣ зина ба зина ба боло рафта, соҳаҳои моҳипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ ба яке аз соҳаҳои муҳим табдилу таҳким ёфт.
Соли 2020 шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ ба 181 расида, нисбат ба солҳои гузашта 2,7 баробар зиёд гардидааст. Инчунин гушти парранда ба солҳои қаблӣ 4,5 фоиз баробар афзуда ва истеҳсоли тухм қариб як миллард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.
Шумораҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2017-ум 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ 2,3 баробар афзудааст. Зиёда аз 60 баробар коҳиш ёфтани воридоти гушт ва 3 баробар коҳиш ёфтани воридоти гушти парранда дар се соли охир ин натиҷаи имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои зикршуда мебошад.
Пешвои миллат ироа намуданд, ки «Дар робита ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самаранокии замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд». Ӯ зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва зиёд шудани маҳсулоти кишоварзӣ тавсиф карда, гуфт, ки имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде бояд кашид. Дар қатори дигар имтиёзҳои кишоварзӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлати кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони ҷумҳуриро беҳад рӯҳбаланд намуд. Ҷаноби Олӣ дар минбар истода супориш доданд, ки «Тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд».
Сарвари бедордили давлату миллат мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бори дигар ба худогоҳию хештаншиносӣ, ифтихор аз ватандорию шукргузорӣ аз забону фарҳангу миллати куҳанбунёди хеш, тинҷию осоиштагии кишвари азиз ва гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ даъват намуда иброз доштанд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлату миллат ба Ватани азизи худ содиқ бошанд, Ватанро дуст доранд ва баҳри ободиву шукуфонии он софдилона меҳнат намоянд ва музаффариятҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд.
Ин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳи халқу миллатро водор месозад, ки баҳри эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукуҳи 30 — солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва ниятҳои поку беғараз аз сидқи дил хидмат намуда, дар рушду нумуи босуръати халқу кишвар саҳми босазои худро гузоранд.

 

Баҳодурзода М. — Муаллимаи калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ
ва такмили ихтисоси факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.

 

Мо дар Telegram