Паҳлавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо иштирок менамоянд

Мусобиқаи самбо ба номи А.Харлампиев дар Москва баргузор мешавад.
Паҳлавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Москва санаи 24-27 марти соли ҷорӣ баргузор меградад иштирок менамоянд. 11 нафар паҳлавон дар мусобиқаи асосгузорӣ ин навъи варзиши маъруф Анатолий Харлампиев Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Варзишгарон Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс аз рӯи вазнҳои 57 то 80 кг барои медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Ҷоми ҷаҳонии мазкур соли гузашта бо сабаби сар задани коронавирус ба таъхир гузошта шуда буд.
Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо Tashkent Grand Slam 2021 дар шаҳри Тошканд низ варзишгарони тоҷик санаи 5-7 март 13 дзюдочиён дигар иштирок мекунанд.

Мо дар Telegram