Паҳлавонони Тоҷикистон бо медалҳо бармегарданд

11 паҳлавонони Тоҷикистон ба Чемпионати Ҷаҳон оид ба самбо, ки ба Анатолий Харлампиев, асосгузорӣ  навъи гуштини самбо бахшида шуд, иштирок намуданд. 

Дар мусобиқаи дар шаҳри Москва баргузор шуда, варзишгарони тоҷик соҳиби 6 медал ба даст оварданд.

Мусобиқаи мазкур аз рӯи равияҳои самбои варзишӣ миёни мардон ва бонувон ва самбои размӣ миёни мардон сурат гирифт. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат карда, 6 медал — 1 тилло ва 5 биринҷӣ ба даст овард.

Хушқадам Хусравов дар вазни 64 кг варзишӣ медали тилло, Ҷамшед Сафаров дар вазни -71 кг, Акмалиддин Каримов (-58кг), Садр Боев -88кг, Меҳрубони Абдулҳақ -64кг, Фирдавс Мирзоев (-79кг) сазовори медали биринҷӣ гаштанд.

Қобили қайд аст, ки варзишгари дигари тоҷик Шаҳбоз Саидабуроров дар озмуни “Тбилиси гранд слим-2021” дар вазни то 60 кг сазовори чойи сеюм ва медали биринҷи гардид.

Паҳлавонони Тоҷикистон бо медалҳо бармегарданд

Олимпиадаи байналмилалии курсантҳои ИДМ оғоз шуд

Мо дар Telegram