Паҳлавонони Тоҷикистон ба Тошканд мераванд

Дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2021», ки дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар аввали моҳи март баргузор мегардад, 12 паҳлавонон ва 1 паҳлавондухтар аз Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар «Tashkent Grand Slam 2021» 517 нафар варзишгарон аз тамоми дунё ҷамъ мешаванд, ки 317 нафарашон мардҳо ва 200 нафари дигарро занҳо ташкил медиҳад.
Мусобиқа аз 5 то 7 марти соли ҷорӣ барузор мегардад ва дар рӯзи аввал паҳлавонзанон аз рӯи вазнҳои 48 кг, 52 кг ва 57 кг ва паҳлавонмардони вазнҳои сабук дар вазни 60 ва 66 кг сабқат хоҳанд кард. 
Дар рӯзҳои дуюму сеюм бошад варзишгарони миёнавазн 73 кг, 81 кг миёни мардон ва 63 кг, 70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Рӯзӣ 7 март бошад бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон 90 кг, 100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон мусобиқа анҷом меёбад. 
Паҳлавононро ба ғайр аз медалҳо боз мукофотпулӣҳо дар ҳаҷми 1500, 3000 ва 5000 доллар интизораст.
Руйхати варзишгарон дар зер оварда шудааст.
Занон:
Шоҳида Қаландарова  63 кг
Мардон:
Қаюмзода Абумуслим 60кг
Суфиев Баҳром 66кг
Сафаралиев Алиҷон 66кг
Сомон Маҳмадбеков 73кг
Беҳрӯзи Хоҷазода 73кг
Акмал Муродов 81кг
Назаров Ҳақназар 81кг
Комроншоҳи Устопириён 90кг
Саидҷалол Саидов 100 кг
Раҳмон Мансур 100кг
Темур Раҳимов +100кг
Шакармамад Мирмамадов +100кг

Мо дар Telegram