Паҳлавонони тоҷик дар раддабандии 20-гонаи беҳтарини ҷаҳон

Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) чор гуштингирони тоҷик Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедовро ба 20-гонаи раддабандии бозбинишуда шомил намуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ҳамин тавр дар ҷойи 12-ум Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кг., Ҳикматулло Воҳидов 13-ум дар ҷойи ва вазни 57 кг., Искандари Рустам 17-ум дар вазни 97 кг ва Мубинҷон Ахмедов дар ҷойи 20-ум ро дар вазни 63 кг . қарор дорад.

Қобили қайд аст, ки Муҳаммад Икромов ва Мубинҷон Ахмедов ҳамчун номзад ба  гирифтани роҳхат ба бозиҳои олимпии Токио-2020  аз тарафи Кумитаи олимпии Тоҷикистон дастгирӣ мешаванд.

Инҷунин, ногуфта намонем, ки дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки  дар шаҳри Тел-Авиви баргузор  мегардад иштирок хоҳанд кард.

Мо дар Telegram