Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми А.Харлампиев иштирок мекунанд

То Ҷомӣ Ҷаҳон оид ба самбо бахшида ба асосгузорӣ ин намуди варзиш Анатолий Харлампиев ду рӯз монд. Паҳлавонони тоҷик оид ба самбо дар ҳайати 11 нафар иштирок хоҳанд кард. Мусобиқа 26 март дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Руйхати иштироккунандагон аз Тоҷикистон Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъаев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2020 ин мусобиқа бо сабаби  бемории коронавирус ба таъхир афтод ва моҳи декабр баргузор шуда буд.

Мо дар Telegram