Паҳлавонони тоҷик ба Исроил мераванд

Дар шаҳри Тел-Авиви Исроил, санаи 18-20 феврал чорабинии бузурги варзишӣ, миёни паҳлавонони 69 давлати Дунё баргузор мегардад, ки дар он шаш паҳлавони Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд намуд. Чунин хабар дод 
 Федератсияи  дзюдои  Тоҷикистон.
Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни — 73кг, Акмал Муродов дар вазни — 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни  — 90кг ва Темур Раҳимов  бо  Шакармамад Мирмамадов  дар вазни беш аз +100кг намояндагӣ мекунанд.

Мо дар Telegram