Паҳлавонон соҳиби мошинҳои Наврузӣ гаштанд

Бахшида ба иди Наврӯз, 20-21 март дар варҳишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Ҷоми «Пойтахт-2021» оид ба гуштини миллӣ доир гардид. Дар мусобиқа беш аз 130 варзишгарон аз ҳар гушаю канори кишвар дар вазнҳои 65 кг, 75 кг, 90 кг ва +90 кг иштирок намуданд. 

Медалҳои тиллои озмунро Темур Раҳимов дар вазни +90, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90кг, Абубакр  Боқиев дар вазни 65 кг, Мирзоҷамил Рамазонов ва дар вазни 75 кг ба даст оварда соҳиби шоҳҷоизаҳои худ автомобилҳои сабукрав гардиданд. 

Шоҳҷоизаҳо автомобилҳои тайота кемри, тайота авалон ва хёндей бо мукофотҳои пуллӣ ва ифтихорномаҳо аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.

Чорабинии ҷашнии имсола вобаста бо ҳолати эпидемиологии ҷаҳон бо риояи ҳамаи қоидаҳои санитарӣ ва пешгирӣ аз коронавирус гузашт.

Мо дар Telegram