Пагоҳ марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 шурӯъ мешавад

Пагоҳ, 11-уми феврал, дар Душанбе ва Ҳисор бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 шурӯъ мешаванд. Қобили қайд аст, ки имсол мусобиқаи мазкур ҷашнӣ буда, барои бори 10-ум баргузор мегардад.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад, ҳафт дастаи беҳтарини марҳилаи минтақавии мусобиқа иштирок доранд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои КМВА (Душанбе), “Равшан” (Кӯлоб), “Мастчоҳ” (Мастчоҳ), “Истиқлол” (Душанбе) ва дар гурӯҳи “Б” бошад дастаҳои “Барқчӣ”(Ҳисор), “Хатлон”(Бохтар) ва “Регар-ТадАз”(Турсунзода) баромад хоҳад намуд.

Тибқи низомномаи баргузории Ҷоми ФФТ-2021 аз ҳар гурӯҳ ду дастагӣ ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоии мусобиқа рӯзи 20 феврал дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Дар даври якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки пагоҳ 11-уми феврал шурӯъ мешавад, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ду бозии гурӯҳи “А” байни дастаҳои КМВА – «Истиклол» ва «Равшан» – «Мастчоҳ» баргузор мешавад. Бозии дастаҳои гурӯҳи “Б” миёни «Барқчӣ» ва «Хатлон» бошад, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир хоҳад шуд.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»

КМВА (Душанбе)

«Равшан» (Кӯлоб)

«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)

«Истиқлол» (Душанбе)

 

Гурӯҳи «Б»

«Барқчӣ» (Ҳисор)

«Хатлон» (Бохтар)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

 

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

11 феврал (панҷшанбе)

Гурӯҳи «А»

10:30 – «Равшан» – «Мастчоҳ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – КМВА – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «Б»

14:00 – «Барқчӣ» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 2-юм

13 феврал (шанбе)

Гурӯҳи «А»

10:30 – «Истиқлол» – «Мастчоҳ». Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ

14:00 – КМВА – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «Б»

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон». Душанбе, варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 3-юм

15 феврал (душанбе)

Гурӯҳи «А»

10:30 – «Мастчоҳ» – КМВА. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Равшан» – «Истиқлол». Душанбе, варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «Б»

10:30 – «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

10:30 – Бозии ниманиҳоии якум

14:00 – Бозии ниманиҳоии дуюм

 

20 феврал (шанбе)

10:30 – Бозӣ барои ҷои сеюм

14:00 – Бозии ниҳоӣ

Мо дар Telegram