Пагоҳ дар Гулистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 шуруъ мешавад

Пагоҳ, 11 март, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, аз рӯи ҳисоб сеюмин мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон оғоз мешавад. Мусобиқаи имсола ба таҷлили 30 соагии Истиқлолияти Ҷумурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он ёздаҳ даста ширкат менамояд.

Бозиҳо дар майдонҳои футболи осоишгоҳи “Баҳористон” дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мегузаранд.

Тамоми харҷҳои вобаста ба ташкилу баргузории мусобиқаро Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи Тоҷикистон ба зимма доранд.

Тибқи қуръакашии “кӯрона” ёздаҳ дастаи иштирокчӣ ба се гурӯҳ тақсим шуанд ва ба ин тартиб, ду гурӯҳи чор дастагӣ ва як гурӯҳи се дастагӣ созмон ёфт. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ЛФТ-2021 бозиҳо аз рӯи тартиби даврӣ дар як қисм баргузор мешаванд ва мақоми дастаҳо аз рӯи шумораи зиёди имтиёзҳои ба даст овардаашон муайян мешавад. Мутобиқи Тартиби баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 ду дастаи бо нишондодҳои беҳтарин дар гурӯҳҳо мақоми якумро ишғол намуда, барои муаяйн кардани ғолиб дар бозии ниҳоӣ вомехӯранд.

Инчунин, баъди ҷамъбасти натиҷаи марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, бозиҳо барои ҷойҳои таскинбахши 3-4, 5-6, 7-8 ва 9-10 доир мешаванд.

Бозиҳои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 рӯзи чоршанбеи 11-уми март шурӯъ мешаванд.

 

Натиҷаи қуръакашии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021:

Гурӯҳи «А»: «Эсхата» (Хуҷанд), КМВА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар).

Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Истиқлол-2» (Душанбе), дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).

Гурӯҳи «В»: «Хуҷанд-2» (Хуҷанд), «Файзканд» (Восеъ), «Душанбе-83» (Душанбе).

 

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

11 март (панҷшанбе)

Гурӯҳи «А»

10:00 – «Эсхата» – «Хатлон». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

10:00 – КМВА – «Истаравшан». Варзишгоҳи «Бахористон-1»

 

Гурӯҳи «Б»

10:00 – «Кӯктош» – Тоҷикистон (U-17). Варзишгоҳи «Баҳористон-2»

14:00 – «Равшан» – «Истиқлол-2». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

 

Гурӯҳи «В»

14:00 – «Файзканд» – «Душанбе-83». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

      

Даври 2-юм

13 март (шанбе)

Гурӯҳи «А»

14:00 – «Хатлон» – «Истаравшан». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

14:00 – «Эсхата» – КМВАВарзишгоҳи «Бонки миллӣ»

 

Гурӯҳи «Б»

10:00 – «Истиқлол-2» – Тоҷикистон (U-17). Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

14:00 – «Кӯктош» – «Равшан». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

 

Гурӯҳи «В»

10:00 – «Хуҷанд-2» – «Файзканд». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

 

Даври 3-юм

16 март (сешанбе)

Гурӯҳи «А»

10:00 – КМВА – «Хатлон». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

10:00 – «Истаравшан» – «Эсхата». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

 

Гурӯҳи «Б»

14:00 – «Равшан» – Тоҷикистон (U-17). Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

14:00 – «Истиқлол-2» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

 

Гурӯҳи «В»

14:00 – «Душанбе-83» – «Хуҷанд-2». Варзишгоҳи «Баҳористон-2»

Мо дар Telegram